Чемпионати ҷаҳон оид ба соҳибкорӣ (EWC) барои соли 2022 боз шуда, то 31.08.2022 сол дархост қабул мекунад. Барнома имкон медиҳад, ки худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, ба ғалаба бо фонди ҷоизавӣ дар ҳаҷми 1 млн доллар, инчунин имконоти иловагии сармоягузорӣ довталабӣ намоӣ.

Дар Чемпионат аз иштироки соҳибкорон аз 200 кишвари саросари дунё интизорӣ меравад. Ташкилкунандаи EWC дар соли равон гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар шарикӣ бо ширкат ва коршиносони маҳаллӣ мебошад.

“Азия-Плюс” ифтихор дорад, ки EWC-ро дар Тоҷикистон пазироӣ мекунад! Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ба стартапҳои беҳтарин дар соҳаҳои гуногун имкон бидиҳем, ки  таҷрибаи худро ба ҷомеаи Тоҷикистон ва саросари ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Имсол озмун каме дигартар мешавад. Мо нишасти панҷрӯзаи виртуалӣ (маҷозӣ) мегузаронем, ки дар доираи он баргузории мусобиқаи пешакӣ ва финали миллӣ дар назар аст. Нишаст аз муколамаҳои панелӣ (мавзӯӣ), саволу ҷавоб, мусоҳиба ва албатта, аз озмуни муаррифии лоиҳа (питч) иборат аст”, - мегӯяд Умед Бобохонов, мудири кулли гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс”.

EWC — ин зиёдтар аз мусобиқаи ҷаҳон тариқи питчҳо бо имкони бозӣ барои ҷоизаҳои сарнавиштсоз мебошад. Он ҷиҳати рушди соҳибкорон дар ҳама марҳилаҳо - давраи пешниҳоди ақида, давраи рушду инкишоф ва болотар аз он кумак карда, ба онҳо барои рушди корхонаи худ воситаву захираҳо пешниҳод мекунад.

Ҳамаи номзадҳо ба EWC Accelerates - барномаи вирталии омӯзиш, ки ба соҳибкорон ҷиҳати сайқал додани маҳорат ва афзоиши имкони ғолибият дар мусобиқаҳои миллӣ ва роҳ ёфтан ба финали ҷаҳонӣ (глобалӣ) ёрӣ мерасонад, дастрасӣ пайдо мекунанд.

– Онлайн-платформаи EWC ҳамчунин ба ҳамаи иштирокчиён, ки замимаро роҳандозӣ мекунанд, дастрасӣ ба имтиёзҳоро ба маблағи 1000 доллари ИМА пешниҳод мекунад.

– Ҳамаи муассисоние, ки дархостро пур кардаанд, ба имтиёзҳо ба маблағи зиёда аз 25 000 доллари ИМА дастрасӣ пайдо мекунанд.

– Беҳтарин иштирокчиёни EWC100 ба сифати хизматрасонӣ аз шариконе чун AWS, Freshworks, Google Cloud, Hubspot, Stripe, Zoom ва дигарон 100 000 доллари ИМА мегиранд.

– Дар Тоҷикистон ғолибон Ҷоизаҳои миллӣ мегиранд, ки моҳи августи соли 2022 эълон карда мешавад.

Аз замони роҳандозии Чемпионати Ҷаҳон оид ба Соҳибкорӣ дар соли 2019 ин иқдом беш аз 400 000 сабтро аз 200 кишвар анҷом дода, муассисонро бо ҷоизаҳои пулӣ ба маблағи зиёда аз 3 миллион доллари ИМА муттаҳид кард  ва боз 256 миллион доллари ИМА дар шакли имтиёзҳо, дастгирии ройгон ва дигар хизматрасониҳо ҷалб намуд.

Талаботи ҳадди аққал:

- Дархостҳо бояд ба платформаи расмӣ -  enterpriseworldcup.com пешниҳод шаванд.

- Дархостҳо бояд аз номи Даста (гуруҳ) дода шаванд.

- Синни аъзои даста бояд 18-сола бошад, ба истиснои шахсоне, ки дархост барои иштирокро дар категорияи марҳилаи пешниҳоди ақида медиҳанд.

- Стартапҳо/ширкатҳо, ки барои иштирок дар Чемпионат пешниҳод мешаванд, бояд ҳатман кори Дастаи иштирокчӣ бошад.

- Танҳо дархостҳои комилан пуркардашуда баррасӣ мешаванд.

- Номзадҳо барои таъмини бояду шояди ҳимоя аз моликияти зеҳнӣ, ки дар маводи онҳо зикр шудааст (яъне ҳуҷҷатҳои дахлдор ба моликияти зеҳнӣ, патент ва огоҳиномаҳо дар бораи ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ғайра) бояд тамоми чораҳоро андешанд.

- Ташкилкунандагони глобалӣ ва созмондиҳандагони миллӣ ҳуқуқ доранд, ки ҳар як иштирокчиро, ки ба ақидаи онҳо, рӯҳияи озмун, принсипҳо, равандҳо, қоидаҳо ё шартҳои онро вайрон мекунад, дар ҳар вақт аз ҳаққи иштирок дар озмун маҳрум кунанд.

- Ҳар як дастаи иштирокчӣ, ки ба амалҳои ғайриахлоқӣ машғул мешавад, аз ҷумла дурӯғгӯӣ, ифшо накардани далелҳo ва маълумоти муҳим ва ба ҳама гуна амале, ки метавонад ба обрӯи EWC ё ташкилкунандагон таъсири манфӣ расонад, даст мезанад, салоҳияташ бекор шуда, аз ҳаққи иштирок дар ҳама чорабиниҳои марбут ба EWC маҳрум карда мешавад.

- Довталабон ба иштирок дар чорабиниҳои расонаӣ бо ВАО, ки ба Озмун марбут аст, розӣ мешаванд.

- Забони англисӣ забони расмии EWC дар сатҳи ҷаҳонӣ (глобалӣ) буда, лекин:

- Ба қайд гирифтанро метавон бо ҳама гуна забон анҷом дод.

- “Азия-Плюс” ҳуқуқ дорад, ки дархостро бо забони тоҷикӣ қабул карда, финалҳои миллиро низ бо ин забон гузаронад. Лекин ҳамаи Финалистҳои Глобалӣ дар сатҳи байнулмилалӣ бо забони англисӣ мусобиқа мекунанд.

Соҳибкорони хоҳишманд дар ин ҷо дархостро пур карда метавонанд. Финали миллӣ барои Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2022 баргузор мешавад. Моҳи октябр ҳамаи финалистҳои глобалӣ барои иштирок дар лагери фаъолманди таълимӣ барои стартапҳо даъват шуда, беҳтаринҳои EWC100 ба пахши мустақим дар финали ҷаҳонии EWC мегузаранд, ки моҳи ноябри соли 2022 дар Ар-Риёз, Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Чемпионати ҷаҳон оид ба соҳибкорӣ аз ҷониби Шабакаи глобалӣ (Global Entrepreneurship Network) ва Monsha’at дар саросари ҷаҳон доир мегардад.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ лутфан дархост мекунем, ки бо суроғаи [email protected] ё дар саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: Facebook, Instagram, LinkedIn ва Twitter  бо мо дар тамос шавед.

 Фарҳод Аҳмадов,

Менеҷер оид ба маркетинг,

Ҳамоҳангсози лоиҳа