Дар Душанбе ва Хуҷанд нархи сӯзишворӣ дар муқоиса ба ҳафтаи қаблӣ поин рафтааст. Мушоҳидаҳои хабарнигорони “Азия-Плюс” ва суҳбат бо чанде аз ронандагон инро тасдиқ кард.

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе ҳоло 1 литр гази моеъ 6 сомониву 20 дирам нарх дорад, ки дар гузашта он 6 сомониву 60 фурӯхта мешуд. Як литр бензини АИ-92 9 сомониву 90 дирам ва АИ-95 10 сомониву 50 дирам фурӯхта мешавад. Арзиши як литр сӯзишвории дизелӣ 12 сомониву 60 дирам нарх дорад.

Ҳамин тавр, ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Хуҷанд 1 литр гази моеъ 5 сомониву 80 дирамро ташкил медиҳад, ки ин 20 дирам арзонтар аз нархи ҳафтаи гузашта аст.

Як литр бензини АИ-92 бошад 10 сомонӣ ва АИ-95 10 сомониву 60 дирам фурӯхта мешавад. Арзиши як литр сӯзишвории дизелӣ дар Хуҷанд 12 сомониву 50 дирам аст.

Дар гузашта аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат ҶТ гуфта буданд, ки маъмулан дар мавсими зимистон бинобар сабаби кам шудани талабот, нархи сӯзишворӣ поин меравад. Дар мавсими тирамоҳу баҳор бошад, баръакс, бо сабаби оғози корҳо дар бахши кишоварзӣ арзиши сӯзишворӣ боло меравад.

Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи август болоравии нархи сӯзишворӣ дар кишвар ба назар расида буд ва бархе ронандагон ба “Азия-Плюс” бо изҳори нигаронӣ аз ин шикоят намуда буданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи омори расмӣ 86% маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия интиқол дода шуда, ҳудуди 90%-и воридоти гази моеъ ба Қазоқистон рост меояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.