Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазору 138 тонна бештар ангишт истихроҷ карда шудааст.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар хабар доданд, дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 31 ҳазору 483 тонна ангишт истихроҷ гардида, он тавассути 1906 нуқтаи махсус ба корхонаҳову бахши хусусӣ фурӯхта мешавад. Дар ҷумҳурӣ 10 ширкат ба истихроҷи ангишт машғуланд.

«Феълан дар Тоҷикистон бо назардошти боқимондаҳои соли гузашта ҳудуди 50 ҳазор тонна ангишт захира карда шудааст», - гуфтанд дар вазорати мазкур.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ, тайи чаҳор моҳи соли равон ба кишвар ҳудуди 3,5 ҳазор тонна ангишт ворид шудааст.