Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар зарфи чаҳор моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноати кимиёвии тобеъи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 7,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар хабар доданд, ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта бештар буда, дар ин давраи соли равон 108%-ро ташкил додааст.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта корхонаҳои кимиёвии ҷумҳурӣ ба маблағи 25,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, суръати афзоишро дар ҳаҷми 100% таъмин сохтанд.

Зикр гардид, ки соли равон корхонаҳои бузурги кимиёвии кишвар, аз қабили КВД «Заря Востока», ҶСК «Тамохуш» (Исфара), ҶСК «Химзавод» (Исфара), ҶСП КМ «Тоҷиказот» ва ҶСК «Тоҷикхимпром» ба дастовардҳои назаррас ноил гаштанд.