Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Шурӯъ аз соли 2004 то 1-уми январи соли ҷорӣ ба мақомоти шаҳрдории Душанбе бобати ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмони манзили зисти инфиродӣ 25 ҳазору 495 нафар сокинони пойтахт муроҷиат кардаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, чанде қабл мақомоти шаҳрдорӣ аризаҳои дар робита ба ин масъала воридшударо ҷиҳати омӯзиши дақиқ ба унвони комиссияҳои ҷамъиятии назди маъмурияти ноҳияҳои пойтахт ирсол кардааст.
Аз ин рӯ, мақомоти шаҳрдории пойтахт аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки ба таври хаттӣ то 1-уми январи соди чорӣ дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзили зист муроҷиат карда буданд, хоҳиш мекунад, дар ин хусус ба ҳукуматҳои ноҳияҳо муроҷиат намоянд.
Ба қавли Саидов, бо назардошти анҷоми корҳои пажӯҳишӣ, оғози амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва омодасозии нақшаи марҳилаи дуюми сохтмони манзили зисти инфиродӣ дар маҳаллаи Ховарон, бо қарори комиссияҳои ҷамъиятии назди ҳукуматҳои ноҳияҳои пойтахт, муроҷиаткардагон метавонанд барои сохтмони манзили зист соҳиби 0,3 га қитъаи замин шаванд.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста