Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Гурўҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалии молиявӣ,  аз ҷумла дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, баррасӣ шуд.

 Тодд Шнайдер аз натиҷаҳои кори Гурўҳи Хазинаи байналмилалии асъор бо масъулини бахши иқтисодии Тоҷикистон, ки як ҳафта идома дошт, ахбор дода, аз ҷумла иброз намуд, ки беш аз 6% афзоиш ёфтани ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар нишона аз барқароршавии иқтисодиёти он баъди бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ аст.

 Таъкид гардид, ки Хазинаи байналмилалии асъор ва созмонҳою кишварҳои мададрасон таъсири болоравии нархи маводи сўхту озуқаворӣ дар бозори ҷаҳониро ба иқтисодиёти Тоҷикистон пайваста зери назар доранд, то ки тадбирҳои муштараки саривақтӣ барои дастгирии рушд ва пешгирӣ аз тамоюлҳои номатлуби макроиқтисодӣ андешида шаванд.

 Дастгирии истеҳсолоти ватанӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзию  саноат, афзун намудани истеҳсоли маводи ниёзи мардум, ба роҳ мондани сиёсати мусоиди пулию қарзӣ ва андозию гумрукӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.