Душанбе. 21-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар назди Бонки миллии Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи роҳандозии усулҳои бонкдории исломӣ таъсис дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуғаффор Қурбонов хабар дод, гурӯҳ аз ҷониби Бонки исломии рушд ва Бонки марказии Малайзия ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешавад. «Роҳандозии усулҳои бонкдории исломӣ дар кишвари мо кори  саҳл нест, зеро дур рафтан аз усулҳои шариат дар кори бонкдорӣ метавонад ба аз даст додани эътимоди саҳмиядорон боис гардад», - гуфт ӯ.

Феълан низоми бонкдории Тоҷикистон аз 138 ташкилоти қарздиҳӣ, аз ҷумла 14 бонк ва 124 ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ иборат аст.