Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар баробари барқароршавии иқтисодиёти Тоҷикистон аз таназзули алоқаманд бо давраи гузариш ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990-ум ба туфайли як қатор ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳаҷми зиёди интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар, афзоиши иқтисодии минбаъда ислоҳоти иқтисодии ҷиддитарро талаб мекунад. Тибқи Меморандуми иқтисодии оид ба кишвар (МИК), ки ба қарибӣ аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ба табъ расид, ҳадафи пиёда намудани ислоҳоти мазкур аз фароҳам овардани асоси иқтисодӣ барои рушди гуногунҷабҳа, дастаҷамъӣ ва устувор иборат аст. Вазорати рушди байналмиллалии Британияи Кабир дар маблағгузории ҳашт таҳқиқотҳои мавзӯии иловагӣ барои ҳисоботи мазкур саҳмгузорӣ намуд.

Дар ҳисоботи таҳти унвони “Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи таъмини рушди иқтисодӣ: ҳавасманд намудани ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ” рушди иқтисодии кишвар баррасӣ гашта мушкилоти асосӣ дар роҳи рушди устувори оянда таҳлил мешавад ва тавсияҳо нисбати он ки чӣ тавр роҳбарияти кишвар метавонанд талошҳои худро ба тадриҷан табдилдиҳии иқтисодиёти аз маблағҳои интиқолӣ ва сармоягузориҳои давлатӣ вобастабуда ба иқтисодиёти гуногунҷабҳа ва пайрави бахши хусусӣ равона кунанд, пешниҳод мегарданд.

Дар давоми солҳои 2000 – 2008 дар Тоҷикистон рушди устуворӣ иқтисодӣ бо афзоиши солонаи ММД иборат аз 8 фоиз (ба ду баробар зиёд шудани ММД ба сари аҳолӣ нигоҳ накарда, он ҳанӯз аз сатҳи пеш аз давраи гузариш пасттар аст) мушоҳида шуд. Сатҳи аҳолии камбизоат аз 72 фоиз дар соли 2003 ба 47 фоиз дар соли 2009 коҳиш ёфт, дар натиҷа зиёда аз миллион нафар аҳолӣ аз сатҳи фақр баромад ва дар давоми ҳамон муддат ҳиссаи аҳолии бениҳоят камбизоат аз 42 фоиз то 17 фоиз коҳиш ѐфт. Нишондодҳои асосии иҷтимоӣ (масалан, сатҳи фарогирӣ бо таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна, сатҳи фавти тифлон, модарон ва норасоии ғизо дар кӯдакон) низ беҳтар шуданд.

Баъд аз таназзули вазнини иқтисодӣ аз сабаби баландшавии ногаҳонии нархи озуқаворӣ ва сӯзишворӣ дар соли 2007 ва бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ дар солҳои 2008-09, иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба барқароршавӣ ниҳодааст. Дар натиҷаи зиёдшавии тавлиди нерӯи барқ, афзоиш дар сохтмон, истеҳсолот ва ҳаҷми маблағҳои аз хориҷ интиқолшаванда ва содирот, ММД-и воқеӣ ба 6.5 фоиз дар соли 2010 афзоиш ёфт. Нархи пахта ва алюминий аз оғози бӯҳрон барқарор шуд ва ҳаҷми содироти маҳсулоти ғайрикишоварзӣ зиёд шуд.

«Бо назардошти шароитҳои номусоиди беруна, Ҳукумати ҶТ бояд ба раванди ислоҳот ҷиҳати ноилгардӣ ба ҳадафи пешгузошта дар самти рушди иқтисодӣ суръат бахшад», - қайд мекунад Ивонн Тсиката, Директори Бонки Ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба масоили иқтисодӣ, ки ба Тоҷикистон бо сафари серӯза бо мақсади муҳокимаи барнома бо намояндагони Ҳукумати ҶТ ва дидан аз якчанд минтақаҳои лоиҳа ташриф овардааст.

Илова бар ин, тибқи гузориш дар ояндаи миёнамӯҳлат, аз сабаби пастшавии пешбинишавандаи назарраси суръати рушди иқтисодӣ дар Россия, сустшавии ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ ва коҳиши ҳаҷми маблағҳои интиқолшаванда пешбинӣ мешавад. Афзалияти асосии сиёсат аз мусоидат ба истифодаи бештари маблағҳои аз хориҷ интиқолшуда дар сармоягузориҳои ватанӣ бо дахолати камтарини давлат иборат аст. Ҳамин тариқ, тадбирҳои зарурӣ баҳри баланд бардоштани истеҳсолот дар соҳаи истеҳсоли пахта, бо вуҷуди имкониятҳои маҳдуди содироти пахта, бояд андешида шаванд. Афзоиши қарибии содироти маҳсулоти кишоварзии бо пахта алоқамад набуда, аз он дарак медиҳад, ки тавассути ислоҳот ва сармоягузорӣ имкониятҳои рушд дар соҳаи кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он вуҷуд доранд. Дар сурати фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, содироти нерӯи барқ метавонад омили рушд барои марҳилаи миёнмӯҳлат гардад.

«Барои солҳои минбаъда мушкилоти бузургтарини Тоҷикистон аз баланд бардоштани сатҳи сармоягузории хусусӣ, ки фазои беҳтари сармоягузориро талаб мекунад, иборат хоҳад буд», - мегӯяд Судҳаршан Канагарҷа, иқтисодчӣ ва муаллифи пешбари гузориш. «Қоидаҳои амалкунанда барои оғоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ ҳанӯз ҳам омили маҳдудият ба ҳисоб мераванд ва дар гузашта бошад иқдомҳои ихтиёрии Ҳукумат боиси эҷоди мамоният дар фаъолияти сармоягузорон мешуд. Ғайр аз ин, мавҷуд набудани системаи боэътимоди таъминоти нерӯи барқ, тартиботи мураккаби алоқаманд бо идоракунии андоз, ҳамчунин иншоотҳои номуносиби анбор, дар баробари дигар мамониатҳо сатҳи даромаднокии сармоягузории хусусиро ҳатто дар шаҳрҳо паст мекунанд».

Таҳқиқот стратегияи афзоишро барои Тоҷикистон, ки ба зиёд намудани ҳаҷми сармоягузории хусусӣ ва ҳамгироии беҳтари кишвар бо иқтисоди ҷаҳонӣ равона гардидааст, пешниҳод мекунад.

Тавсияҳо чаҳор самтро фаро мегиранд, аз ҷумла:

Ҳавасманд намудани сармоягузории хусусӣ, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ. Ин дар якчанд самт бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва муҳимтар аз ин, барои сармоягузорон аз сатҳи баландтарин, ки дар он худи сиёсат ташаккул меёбад, бояд нишонае аз он бошад ки ҳуқуқҳои моликиятии онҳо ҳифз шудаанд.

Таъмин намудани суботи макроиқтисодӣ ва идоракунии хуби молияи давлатӣ. Ин баланд бардоштани сатҳи устуворӣ ва шаффофияти молиявии корхонаҳои калони давлатӣ аз ҳисоби даромадҳои давлатӣ ҷиҳати таъмин намудани маблағгузорӣ дар инфрасохтор ва хизматрасониҳоро тақозо мекунад. Дар навбати худ, барои он ки даромади давлатӣ ҷиҳати дастгирии афзоиш ва паст кардани камбизоатӣ истифода шавад, хароҷотҳои давлатӣ бояд самараноктар ва шаффофтар идора карда шаванд. Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон бояд пешрафтҳои макроиқтисодӣ ва молиявиро қатъиян назорат карда, дар ҳалли масоили баромада зуд амал намоянд.

Нигоҳ доштани маблағҳои воридшаванда дар сатҳи баланди ҳозира. То ҳол мудохилаи Ҳукумати ҶТ дар масоили муҳоҷират ва истифодаи маблағҳои воридшуда камтарин буд ва чунин муносибат бояд идома дода шавад. Муҳите, ки дар он муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият мекунанд, метавонад беҳтар карда шавад, ки боиси сабукӣ ба онҳо ва оилаҳояшон ва инчунин зиёшавии даромад ба сари муҳоҷир хоҳад гашт.

Тақвият бахшидани соҳаи барқ бо мақсади таъмин намудани пешниҳоди дохила ва содироти зиёдтари нерӯи барқ. Бо назардошти иқтидори бузурги кишвар дар таҳия намудани лоиҳаҳои иловагии гидроэнергетикӣ ва содироти нерӯи барқ, агар Ҳукумат шароити мусоидро барои фазои сармоягузорӣ фароҳам оварад, соҳаи гидроэнергетика метавонад сарчашмаи даромад гардад.

«Меморандуми иқтисодӣ оид ба кишвар, ҳамкории зиччи Бонки Ҷаҳонӣ ва Ҳукуматро дар муайян намудани мушкилоти рушд ва чорабиниҳо барои ҳалли онҳо инъикос менамояд», - мегӯяд Марша Олив, Роҳбари кишварии Бонки Ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон. -  Мо ҳамкории зиччи худро бо Ҳукумат дар татбиқ намудани ислоҳоти зарурӣ барои рушди оянда Точикистон идома хоҳем дод».