Ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Швейтсария дар зарфи 9 моҳи соли равон зиёда аз 693 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 баробар зиёд аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ба Швейтсария аз Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 689 млн доллар молу маҳсулот содирот шуда, ҳаҷми воридоти он аз Швейтсария ба кишвари мо андаке бештар аз 4,4 млн долларро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми фурӯши молу маҳсулот ба Швейтсария ба 58% аз ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон дар ин давра баробар аст.
Нишондиҳандаи содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Швейтсария комилан ба содироти маҳсулоти гурӯҳи “сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо”, ки 689 млн долларро ташкил медиҳад, якхела мебошад. Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми афзоиши содироти ин гурӯҳи маҳсулот дар муқоиса бо соли гузашта 5,5 баробарро ташкил дод.
Аввали ҳамин моҳ дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Шарҳи иқтисод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ: COVID-19 ва сармояи инсонӣ” зикр шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон баҳри таъмини маблағгузории моддаҳои ҳифзшудаи хароҷоти буҷети давлатӣ захираҳои тиллояшро фурӯхт.
Аммо тасдиқи ин маълумот муяссар нашуд, зеро дар вазорату идораҳои ба ин масъала дахлдори ҷумҳурӣ мегӯянд, ҳамаи маълумот доир ба амалиёт бо захираҳои тилло маълумоти махфӣ дониста мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки захираҳои тилллову асъори Тоҷикистон дар Бонки миллӣ ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат, тиллои дар кишвар истеҳсолшуда асосан аз ҷониби Бонки миллӣ, Вазорати молия ва дар ҳаҷми начандон зиёд аз тарафи корхонаҳои заргарӣ харидорӣ мешавад.
Тайи 5 соли охир ҳаҷми истеҳсоли тилло дар кишвар беш аз 4 маротиба – аз 2 тонна дар соли 2014 қариб то ба 8,1 тонна дар соли 2019 афзуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста