Дар Тоҷикистон корҳои таҳияи арзёбии фанниву иқтисодӣ (ТЭО)-и сохтмони неругоҳи навбатии барқӣ дар дарёи Вахш - Неругоҳи барқи обии Шуробод оғоз гардид, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, ҳамзамон корҳо оид ба ҷалби маблағҳо барои бунёди иншооти мазкур ҷараён доранд. Тибқи маълумоти пешакӣ, барои сохтмони НБО Шӯроб ҳудуди 1 млрд доллар маблағ лозим аст.
Қаблан зикр гардида буд, ки ба таҳияи арзёбии фанниву иқтисодии НБО Шӯроб бо иқтидори пешбинишудаи 862 МВт Ширкати алюминии тоҷик бо ҷалби ширкати машваратӣ машғул мешавад.
Ҳамчунин дар пешбурди ин корҳо Вазорати саноат ва захираҳои об, инчунин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ саҳм мегузоранд.
“Сохтмони НБО Шӯроб барои таъмини ТАЛКО бо неруи барқи худӣ ва интиқоли мунтазами он шароити мусоид фароҳам меорад”, - гуфта мешавад дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани фаъолияти пурсамари истеҳсолии ТАЛКО дар давраи солҳои 2019-2024.
Неругоҳи барқи обии Шӯробод дар 110 километри шарқи Душанбе дар дарёи Вахш, байни неругоҳҳои Роғун ва Норак сохта мешавад.
Ин неругоҳ зинаи 8-уми силсилаи неругоҳҳо дар дарёи Вахш хоҳад шуд, ки аз 9 НБО иборат буда, 7-тоаш пурра амал мекунад (Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Сарбанд, Шаршара ва Марказӣ). Сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун идома дорад.
Иқтидори лоиҳавии НБО Шӯроб 862,5 - 1 ҳазор МВт, истеҳоли солонаи барқ - зиёда аз 3,2 млрд кВт/соат-ро ташкил хоҳад дод. Баландии сарбанд то 83 метр ва ҳаҷми обанбори нерӯгоҳ - 77 млн метри мукааб об пешбинӣ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста