Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қарори худ рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта ба ширкати UnionPay International Co. иҷозатномаи фаъолият ба сифати оператори низоми пардохтро дод.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, иҷозатномаи фаъолият дар ин самт ба ширкат ба муҳлати 3 сол дода шудааст.

Бо ҳамин қарор Идораи низоми пардохт уҳдадор карда шудааст, ки ин ширкатро дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабт намояд.

Қобили зикр аст, ки дар рӯйхати операторони низоми пардохти БМТ то ин замон 15 ширкат сабт шудаанд.

UnionPay International ташкилоти фаръии ширкати China UnionPay-и Чин буда, ба фаъолият берун аз ҳудуд ин кишвар мутамарказ шудааст.

Ширкати мазкур ба истифодаи кортҳо барои пардохти маблағи хариди молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, инчунин гирифтани пули нақд дар 179 кишвари ҷаҳон имкон медиҳад. Кортҳои UnionPay дар зиёда аз 61 давлат нашр мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.