Бар асари пандемияи коронавируси нав қурби асъори миллии бисёре аз кишварҳо нисбат ба доллар ба таври назаррас поин рафт, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).

Гуфта мешавад, то нимаи моҳи октябр қурби лираи Туркия нисбат ба доллар ба андозаи 33,5%, рубли Русия - 25,9%, рубли Беларус - 22,5%, гривнаи Украина - 19,6%, тангаи Қазоқистон - 15,9%, ларии Гурҷистон - 12,3% ва сӯми Ӯзбекистон - 9% поин рафтааст.

Зикр мегардад, ки тамоили беқурбшавии асъорҳои миллии ин кишварҳо бахусус дар давраи семоҳаи дуюми ҳамин сол дар натиҷаи хуруҷи мавҷи дуюми пандемияи коронавирус ба мушоҳида расид.

Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, аз оғози сол қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар 6,7% поин рафт.

Қобили зикр аст, ки аз замони ба муомилот баровардани пули миллии Тоҷикистон - сомонӣ имрӯз расо 20 сол пур мешавад.

Сомонӣ 30 октябри соли 2000-ум ба муомилот бароварда шуд. Ин воҳиди пулӣ рубли тоҷикии қаблан мавриди истифода қарордоштаро иваз намуд.

Айни замон дар Тоҷикистон пулҳои коғазӣ (500, 200, 100, 50, 20, 10, 5, 3 ва 1 сомонӣ) ва тангаҳои фулузии (50, 20, 10, 5, 2 ва 1 дирам, инчунин 1, 3, 5 сомонӣ) дар муомилот қарор доранд.

Дар муддати 20 сол сомонӣ нисбат ба доллар қариб 4,7 баробар беқурб шуд: аз 2,200 сомонӣ барои 1 доллар санаи 1 январи соли 2001 то ба 10,3398 сомонӣ дар ҳамин рӯз, 30 октябри соли 2020.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.