Дар доираи лоиҳаи “Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ”, ки аз ҷониби як Муассисаи давлатии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ширкати “НИРАС” татбиқ ва онро Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мекунад, дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар заминаи сомонаи интернетии http://tajikproduce.com/ платформаи иттилооти кишоварзӣ таҳия шуд.

Зимни баргузории чорабиниҳои гуногуни байнулмилалӣ ширкатҳои Русия ва кишварҳои ИДМ ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ва ба сурати умум, маълумот дар бораи Тоҷикистон бо мақсади роҳандозии ҳамкории дарозмуддат дар ин самт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Бар асоси маълумоти ҷамъоварда тасмим гирифта шуд, ки як воситаи универсалие таъсис дода шавад, то дастрасӣ ба маълумот дар ин самт беҳтар гардида, ба пешбурди содироти сабзавоту мева аз кишвари мо бозорҳои кишварҳои узхви ИДМ мусоидат карда шавад.

Платформаи мазкур барои ширкатҳо, соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо баҳри мусоидат ба онҳо дар воридоту содироти маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.