Баъди ба се бахш тақисм шудани ширкати “Барқи тоҷик” бори аввал, пас аз гузашти якуним сол раисони қисматҳои дигари он таъин шуданд.

Бо як қарори раиси Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз Билолзода Умедҷон Ҳайдар директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Маҳмудзода Мирзо директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» таъин шуданд.

Моҳи июни соли гузашта баъди баҳсҳои зиёди даҳсола ширкати “Барқи тоҷик” ба се ширкат ҷудо шуда буд, ки «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва «Шабакаҳои интиқоли барқ» аз ин ширкат ҷудо шуда буданд.

Он замон гуфта мешуд, ки ин ду ширкати нав то як муддат дар сохтори “Барқи тоҷик” фаъолият мекунанд ва баъдан мустақил мешаванд.

Тақдиди сохтории ширкати “Барқи тоҷик”, ки гуфта мешавад тавсияи созмонҳои молии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон буд, дар ҳоле сурат гирифт, ки ин ширкат наздик ба 2,5 миллиард доллар қарздор мебошад.

Ахиран хабаре расонаӣ шуд, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар ин ширкат бо малағи 6,7 миллион доллар дуздии барқро ошкор кардааст. Ҳамчунин Додситонии кулл рӯзи 30-юми октябр комиссияи вижаеро барои “тафтиши корбурди сарфакоронаи барқ, таъмири васоили интиқоли он, дуздӣ ва талафоти неру ва ҳамчунин роҳандозӣ нашудани тарзи нави пардохти пули барқро дар саросари ҷумҳурӣ” месанҷад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.