Яке аз вазифаҳои муҳимме, ки имрӯз дар назди кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии мамлакат истодааст ва барои иҷрои он тамоми чораҳоро андешидан лозим меояд, ин бештар намудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкии мамлакат мебошад.

Зимни суханронӣ дар чорабинии идона бахшида ба ҷашни Рӯзи президенти Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки ҷорӣ шудан ва фаъолияти босамари низоми электронии пардохт, кортҳои пластикӣ ва дигар хизматрасониҳои нави муосир дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ низ аз омилҳои муҳимми тақвияти боварии мардум ба низоми бонкӣ ба ҳисоб мераванд.

Ёдрас мекунем, ки аз соли 2016, замоне, ки якбора чор бонк, аз ҷумла ду бонки низомсоз ба вазъи душвори молиявӣ дучор шуда, аз уҳдаи иҷрои уҳдадориҳои худ назди мизоҷон баромада натавонистанд, низоми бонкии Тоҷикистон дар ҳолати буҳрон қарор дорад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10-уми майи соли гузашта дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молия ва андоз, гумрук ва соҳаи бонкӣ изҳор дошт, ки бар асари буҳрон дар низоми бонкӣ шумори ташкилотҳои қарзӣ дар Тоҷикистон тайи 4 соли охир қариб ду баробар кам шудааст. Ин тамоюлро сарвари давлат ба буҳрон дар низоми бонкӣ марбут донист.

Дар ин вохӯрӣ президент изҳор дошт, ки дар баъзе мавридҳо масъулини бонкҳо ба азонихудкунии маблағҳои пулӣ даст зада, ба шахсони наздики худ бидуни таъмини гарав ва ғайриқонунӣ қарзҳои бонкӣ додаанд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 174 ташкилоти қарзӣ амал мекунад: 19 бонк, 20 ташкилоти амонатгузории қарзии хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 28 фонди қарзии хурд амал мекунанд. Феълан 57 ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.