Навбатпоӣ назди бонкҳои Тоҷикистон кайҳо боз навгонӣ нест, мардум барои харидани 200 доллар рӯзҳо дар навбат меистанд. Болои ин рӯзҳои охир қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА якбора коҳиш ёфта истодааст, ки сокинонро боз ҳам бештар ба ташвиш меорад.

Пойгоҳи иттилоотӣ-таҳлилии Cabar.asia дар асоси рақамҳо нишон додааст, ки қурби сомонӣ нисбати доллар то чӣ андоза аз пули муҳоҷирон ва қурби рубл вобаста аст.

Имрӯз, 24-уми ноябр, қурби расмии пули миллӣ 11,30 сомонӣ бар ивази 1 доллар аст, ҳарчанд аввали моҳ 10,32 сомониро ташкил медод. Сабаб ин аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 4 –уми ноябр тасҳеҳи (коррексия) якдафъаинаи қурби расмиро амалӣ намуда онро барои 1 доллари ИМА 11,30 сомонӣ муайян кард.

Ин тасҳеҳи аввалин нест. Рӯзи 20-уми март танзимгар қурби расмии сомонӣ ба долларро якбора 5% тағйир дод. Ҳамин тариқ, бо назардошти тасҳеҳи охирин, пули миллӣ аз аввали сол дар муқобили доллар 16,6% коҳиш ёфт: аз 9,69 сомонӣ бар ивази 1 доллар дар 1-уми январ то 11,3 сомонӣ ба 4 -уми ноябри соли 2020.

Қурби расмӣ ин қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ мебошад.

Чаро чунин шуд?

Бонки миллии Тоҷикистон сабабҳои асосии баланд шудани қурби доллари ИМА-ро нисбати сомонӣ дар зиёд шудани талабот ба асъори хориҷӣ, идома ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии интиқолҳои пулӣ ва сармояи хориҷӣ ба кишвар вобаста медонад.

Талабот ба асъори хориҷӣ одатан калон аст. Сабаби аввал он аст, ки мувофиқи маълумоти Агентии омор, ҳаҷми содироти солона нисбат ба ҳаҷми воридот 2,5-3 маротиба камтар аст. Масалан дар соли 2019 ҳаҷми содирот 1,175 миллиард долларро ташкил дод, аммо воридот аз 3,3 миллиард доллар зиёдтар буд.

Тибқи иттилои Бонки миллӣ, норасоии рӯзонаи асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон, вобаста аз мавсим, 8-25 миллион долларро ташкил медиҳад.

Бояд қайд кард, ки тибқи маълумоти Бонки миллӣ ва Агентии омор, гардиши савдои Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамеша манфӣ боқӣ мондааст, яъне воридот ҳамеша нисбат ба содирот бештар аст.

Давоми 10 сол (2009-2019) ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ 12,1 миллиард доллар ва воридот бошад 36,4 миллиард долларро ташкил додааст.

Норасоии асъори амрикоӣ (барои воридоти маҳсулот, гардонидани қарзи беруна ва дигар эҳтиёҷот) аз ҳисоби маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон ҷуброн карда мешавад, ки ҳамасола аз 20 то 50%-и ММД (Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ) - и Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти гуногун, зиндагии тақрибан 70% хонаводаҳо дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби пули муҳоҷирони меҳнатӣ таъмин карда мешавад. Ва маблағи вориднамудаи муҳоҷирон 75%-и асъорро барои воридоти молу маҳсулот таъмин мекунад.

Муҳоҷир ба ин чӣ рабт дорад?

Сабаб дар он аст, ки иқтисоди Тоҷикистон аз пули муҳоҷирони меҳнатӣ сахт вобаста аст. Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, давлати мо яке аз се кишварҳои вобастаи пули муҳоҷирон дар ҷаҳон мебошад.

Таносуби маблағҳои интиқолнамудаи муҳоҷирон ба ММД дар тӯли 10 сол танҳо дар соли 2015 ва 2016 аз 30% кам шудааст. Дар соли 2013 бошад ҳаҷми онҳо тақрибан нисфи ММД-ро ташкил додааст.

Сарфи назар аз он, ки таносуби маблағҳои интиқолӣ ба ММД дар панҷ соли охир каме коҳиш ёфтааст, онҳо то ҳол зиёда аз сеяки иқтисоди ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Инчунин бояд қайд кард, ки муҳоҷирон ба Тоҷикистон нисбат ба содирот ва сармоягузории мустақими хориҷӣ пули бештар ворид мекунанд.

Пулҳои фиристодаи муҳоҷирон дар 10 соли охир (2009-2019) нисбат ба даромади кишвар аз содироти молҳо дар ҳамин давра беш аз 2,5 маротиба зиёдтар будаанд. Ҳаҷми умумии интиқоли пулӣ дар солҳои 2009-2019 беш аз 30 миллиард долларро ташкил додааст, дар ҳоле ки ҳаҷми умумии содирот каме бештар аз 12 миллиард доллар ва ҳаҷми умумии сармояи мустақими хориҷӣ 3,5 миллиард долларро ташкил додаанд.

Яъне, муҳоҷирони тоҷик тақрибан 8,5 маротиба бештар аз сармоягузории мустақими хориҷӣ ба кишвар пул мефиристанд.

Дар мавод танҳо маълумоти интиқоли пулии шахсони воқеӣ тавассути низоми бонкӣ аз Федератсияи Русия оварда шудаанд. Ин маъмултарин самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Аммо бояд қайд кард, ки миллионҳо доллари дигар берун аз системаҳои бонкӣ, тавассути ҳисоббаробаркунии шахсони воқеӣ ("ҳавола" ва "перекидка") ба кишвар ворид мешаванд. Инчунин, пули зиёде аз дигар кишварҳои муҳоҷирати тоҷикон интиқол дода мешаванд, аммо омори расмӣ вуҷуд надорад.

Тибқи омори ғайрирасмӣ, ҳар як нӯҳум шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор ва зиндагӣ мекунад.

Долларҳо аз куҷо?

Бонки миллии Тоҷикистон рублҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ аз Русия, инчунин асъорҳои аз ҳисоби содирот ва сармоягузории мустақими хориҷӣ ба кишвар воридшавандаро ҷамъоварӣ намуда, ба онҳо аз Русия доллар мехарад.

Тибқи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, 50% маблағҳои интиқолии бо рубл воридшударо бонкҳои тиҷоратӣ бояд ба БМТ фурӯшанд. Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, Бонки миллӣ дар навбати худ ин пулҳоро дар бонкҳои Русия бо доллар иваз мекунад. Бонки Миллӣ инро тасдиқ намекунад, аммо рад ҳам накардааст.

Азбаски кишвар қисми асосии асъори хориҷиро аз содироти захираҳои меҳнатӣ (муҳоҷирон) мегирад, қурби пули миллӣ - сомонӣ аз пули мефиристодаи муҳоҷирон вобастагии калон дорад.

Агар то соли 2016 пули муҳоҷирон ба кишвар бо рубли русӣ ворид шуда, дар бонкҳо ва нуқтаҳои мубодилаи асъори ғайрибонкӣ мубодила мешуданд, пас аз соли 2016 инҷониб Бонки миллии Тоҷикистон ба бонкҳои тиҷоратӣ супориш додааст, ки интиқоли пулиро бо рубли русӣ ба муштариён танҳо бо сомонӣ диҳад.

Якҷоя меафтем

Азбаски Бонки Миллӣ пули интиқолёфтаи муҳоҷиронро дар бонкҳои Русия ба доллар иваз мекунад, қурби пули миллии сомонӣ аз қурби рубли русӣ ба доллари ИМА сахт вобаста аст.

Таҳлили қурби миёнаи солонаи сомонӣ ва рубл нисбати доллари ИМА давоми 10 соли охир нишон медиҳад, ки ин ду асъор тақрибан дар ҳамон як сатҳ коҳиш меёбанд.

Пойбандии як асъор ба асъори дигар аз вобастагии иқтисоди як кишвар ба кишвари дигар муайян карда мешавад. Яъне ин қасдан иҷро намешавад, балки онро худи иқтисод муайян мекунад. Манбаи асосии асъор ва таъминкунандаи аслии мол барои Тоҷикистон Русия аст ва мувофиқан, ҳар он чизе, ки пас аз чанд лаҳза бо рубл рӯй медиҳад, дар сомонӣ инъикос мешавад.

Қурби рубли руси дар навбати худ мустақиман аз нархи захираҳои энергетикӣ вобаста аст, ки Русия онро ба миқдори зиёд содирот мекунад. Агар нархи нафт коҳиш ёбад, пас рубл нисбат ба доллари ИМА паст мешавад ва баръакс - агар нархи нафт боло равад, пас пули Русия низ қавӣ мешавад.

Дигар омилҳое, ки ба рубли русӣ таъсир мерасонанд, ин тавозуни савдои хориҷӣ ва омилҳои сиёсати хориҷӣ мебошанд. Масалан, таҳримоти ИМА ва ИА алайҳи бахши молиявии Русия ба қурби рубл нисбат ба асъорҳои умдаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Сомонӣ коҳишро идома медиҳад

Пандемияи коронавирус дар соли 2020 боиси коҳиши интиқоли маблағҳо гардид - марзҳо баста шуданд, ҳаракати ҳавоӣ бо Русия қатъ карда шуд. Бахше аз муҳоҷирон дар Русия дармонданд, аммо бо сабаби маҳдудиятҳои вобаста ба Covid-19 бекор ва даромад монданд. Ва қисми дигар дар Тоҷикистон бекор ҳастанд.

Пандемияи COVID-19 идома дорад ва дар Русия бинобар афзоиши шумораи сироятёфтагон, пас аз истироҳати кӯтоҳ, чораҳои маҳдудкуниро барқарор карда истодаанд.

Бонки Ҷаҳонӣ коҳиши ҷаҳонии интиқоли пулро пешгӯӣ мекунад. Дар шароити пандемияи давомдори коронавирус ва бӯҳрони иқтисодӣ, интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ то соли 2021 дар муқоиса бо соли 2019 то 14% коҳиш хоҳад ёфт, гуфта мешавад дар баёнияи (доклад) Бонки Ҷаҳонӣ вобаста ба муҳоҷират ва рушд.