Тоҷикистон давоми соли равон хариди молу маҳсулотро аз хориҷи кишвар барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти дохилӣ кам кард, лекин то ҳол воридот нисбат ба содирот бартарӣ дорад, ки ба камбуди асъори хориҷӣ боис мегардад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ барои харидории молу маҳсулот аз хориҷа зиёда аз 2,5 млрд доллар харҷ шуда, аз содирооти маҳсулот ҳамагӣ 1,2 млрд доллар ба даст омадааст.

Дар навбати аввал асъор барои харидани маҳсулоти минералӣ (нафт ва маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт, маъдан ва консентратҳо) аз кишвар берун меравад. Барои харидани ин маҳсулот давоми моҳҳои январ-октябри соли равон беш аз 457,4 млн доллар сарф шудааст, ки ҳудуди 20% аз ҳаҷми умумии воридотро дар ин давра ташкил медиҳад.

Гурӯҳҳои маҳсулот дар сохтори воридоти ҷумҳурӣ иборатанд аз:

-  маҳсулоти саноати кимиё (нуриҳо, доруворӣ, гилхок, лавозимоти ороишӣ (кометика) ва ғайра - 269 млн доллар;

- маҳсулоти растанӣ (сабзавоту мева,полезиҳо, чой, қаҳва, биринҷ, гандум ва дигар маҳсулот) - 267 млн доллар;

- фулузот (металл)-и арзон ва маснуоти фулузотӣ (қубурҳо, сим, мех, корд ва дигар маснуоти фулузотӣ – $279 млн;

- мошин ва таҷҳизот (генераторҳо, турбина, пойгоҳҳои обкашӣ, трансформаторҳо, техникаи маишӣ) - $260 млн;

- маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ (маҳсулоти гӯштӣ, шакар ва маснуоти қаннодӣ, нон ва маснуоти нонӣ, афшураи сабзавоту мева, машрубот)  – 236 млн доллар;

- воситаҳои нақлиёт бо шумули локомтивҳо, вагон, трактор, дучарха (мотосикл) ва велосипедҳо, қисмҳои эҳтиётӣ - 184 млн доллар.

Молу маҳсулоти дар боло зикршуда дар ҳаҷми воридоти кишвар давоми моҳҳои январ-октябр зиёда аз 77%-ро ташкил медиҳад.

Воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон дар ин давра асосан аз Русия сурат гирифтааст, ки ба ҳиссаи он беш аз 30% аз ҳаҷми умумии воридот рост меояд.

Ба кишварҳои ассосии воридкунандаи молу маҳсулот ба Тоҷикистон инчунин Қазоқистон (23%), Чин (15%), Ӯзбекистон (8,1%), Туркия (3,9%) ва Олмон (2,5%) низ мансубанд.

Имсол Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 110 кишвари саросари дунё молу маҳсулот харидорӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.