Субъектҳои хоҷагидорӣ имсол барои пардохти қарзи хориҷӣ бояд ба ҳукумати кишвар зиёда аз 442,2 млн сомонӣ (ҳудуди 40 млн доллар) диҳанд. Чунин банд дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 дарҷ ёфтааст.

Ин маблағҳо аз уҳдадориҳои молиявии корхонаҳо аз рӯйи созишномаҳои фаръии қарзӣ барои соли 2021 бе назардошти қарзи солҳои пешин иборат аст.

Тариқи имзои созишномаи фаръии қарзӣ ҳукумат барои маблағгузории ин ё он эҳтиёҷоти субъектҳои хоҷагидорӣ қарзи хориҷӣ ҷалб намуда, онро худи субъектҳо пардохт мекунанд. Ҳукумат дар ин маврид ба сифати қарзгир ё кафил иштирок мекунад.

Дар рӯйхат 6 субъектҳои хоҷагидории қарздор зикр шудаанд:

- ШСХК «Барқи тоҷик» - зиёда аз 398,2 млн сомонӣ;

- КВД «Обу корези Душанбе» - ҳудуди 6,2 млн сомонӣ;

-  КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» - 19,6 млн сомонӣ;

- ҶСК «Тоҷиктрансгаз» - зиёда аз 3,2 млн сомонӣ;

- ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» - беш аз 9,9 млн сомонӣ;

- ҶСК «Помир Энержи» - зиёда аз 4,9 млн сомонӣ.

Ҳамаи ин корхонаҳо ба ҷуз ширкати “Помир Энержи”, аз ҷониби ҳукумат идора карда мешаванд.

Қарздиҳандагони асосӣ аз рӯйи созишномаҳои фаръии қарзӣ Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки исломии рушд мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои пардохти қарзи асосии беруна (бе назардошти фоизҳо) дар маҷмӯъ наздики 1,5 млрд сомонӣ равона кунад. Дар баробари корхонаҳои дар боло зикршуда ин маблағҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ низ ҷудо карда мешаванд.

Мувофиқи маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми умумии қарзи хориҷии ҷумҳурӣ то 1 октябри соли ҷорӣ 3 млрд 163 млн долларро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.