Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) рушди воқеии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон дар сатҳи 3,5% ва дар соли 2022 - то 5,5% пешгӯӣ мекунад, қайд мешавад дар гузориши моҳи январи Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Дурнамои иқтисоди ҷаҳон”.

“Дар Осиёи Марказӣ имсол барқароршавии суръати рушди иқтисод то 3% дар назар аст, ки ба он болоравии начандон зиёди нархҳо ба ашёи хом ва афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ бо бештар фаъол гардидани иштироки кишварҳои минтақа дар амалисозии ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ”-и Чин мусоидат мекунад”, - таъкид мешавад дар гузориш.


Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки рушди иқтисоди кишварҳои минтақа бештар ба вазъи иқтисоди Русия вобаста буда, соли 2021 дар ин кишвар суръати рушди начандон зиёд - 2,6% пешбинӣ шудааст, чунки Русия бо зуҳуроти паҳншавии нави сирояти COVID-19 муқовимат мекунад.

“Интизорӣ меравад, ки ба афзоиши суръати рушди иқтисод ваксиназании оммавӣ, болоравии нархҳо ба ашёи хом барои саноати вазнин ва боқӣ гузоштани тадбирҳои дастгирии иқтисод мусоидат хоҳад кард”, - тахмин мекунанд иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ.

Қобили зикр аст, ки Русия шарики асосии тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон ба шумор рафта, сеяки гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба он рост меояд. Маҳсулоти бештар зарурӣ ба Тоҷикистон аз Русия ворид шуда, Тоҷикистон дар навбати худ, ба бозори Русия қувваи корӣ мефиристад, ки интиқоли пул аз ҷониби онҳо ҳамасола аз 30 то 50%-и ММД-и ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ҳаҷми сармоягузории мустақими андӯхтаи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон наздики 1 млрд долларро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.