Дар шимолии Тоҷикистон се ҳолати тиҷорати криптовалюта ё рамзарз ошкор ва афроди ба ин тиҷорат машғулбуда ҷарима шудаанд. Раёсати андоз дар вилояти Суғд  шумораи дақиқи нафарони машғул ба ин тиҷоратро, ба далели ҳоло ҳам идома ёфтани корҳои санҷишӣ, ки онро якҷоя бо Раёсати корҳои дохилӣ анҷом медиҳад, ошкор намекунад.

Муовини сардори Раёсати андози вилояти Суғд Фаррух Сафарализода ба “Азия-Плюс” гуфт ин санҷиш дар бахши қонунгузории андоз муштаракан бо Раёсати корҳои дохилӣ моҳи декабри соли гузашта анҷом ёфт ва ҳоло ҳам идома дорад. Вай гуфт, як ҳолати тиҷорати криптовалюта дар шаҳри Истаравшан ва ду ҳолат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ошкор шудааст. Дар мавриди он, ки дар шаҳри Хуҷанд низ чунин тиҷорат ошкор шуд ё на, манбаъ изҳори бехабарӣ кард ва гуфт “санҷиш дар ин ҷо аз ҷониби мо гузаронида нашудааст".

Фаррух  Сафарализода мегӯяд, бо ҷалби мутахассисон ва кормандони мақомоти андоз онҳо санҷида истодаанд, ки тиҷорати криптовалюта чӣ гуна тиҷорат аст ва оё дар ин фаъолият нишонаҳои ҷиноят ҷой дорад ё не.

Баҳси қонунӣ будан ё набудани ин тиҷорат дар Тоҷикистон дар ҳоле доғ шудааст, ки як манбаъ аз Вазорати адлия ба “Азия-Плюс” мегӯяд, ки ин дар қонунгузории Тоҷикистон танзим нашудааст.

“Қонунгузории Тоҷикистон пурра танзим накардааст ин тиҷоратро. На иҷозат додааст ва на ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст. Муносибат, ки нест ҷавобгарияш ҳам нест. Аз ин рӯ ин фаъолиятро ҷиноӣ гуфта ҳам наметавонем”,-мегӯяд манбаъ.

Раёсати андоз нисбати ин ҳолат дар асоси моддаи 617-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ “бидуни қайд дар мақомоти андоз машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ” аз 40 то 80 нишондиҳанда барои ҳисоб ҷаримаи маъмурӣ татбиқ кардааст, ки баробар ба 4060 сомонӣ аст.

“Дар бахши қонунгузории андоз, яъне онҳо бе қайди мақомоти андоз ба тиҷорати криптовалюта машғул шудаанд. Воқеияти ҳар се ҳолат бидуни қайди мақомоти андоз буд, ин дақиқ аст ва ҷаримаи маъмурӣ татбиқ кардем. Аммо муайян нашудааст, ки онҳо то чӣ андоза ба пинҳонкунии андозҳо роҳ додаанд ва ҳоло дар ин самт санҷиш идома дорад. Шуъбаҳои дахлдори Раёсат бо ҷалби мутахассисони ин соҳа фаъолияти онҳоро дар ҳамин самт санҷида истодааст”.


Манбаъ афзуд ҳоло онҳо низ даққан гуфтан наметавонад, ки дар асоси дигар қонунгузориҳо фаъолияти тиҷорати криптовалюта дар Тоҷикистон иҷоза ҳаст ё не ва танҳо гуфтанд инро санҷиш нишон медиҳад. Аммо гуфта мешавад, ки ҳамаи намуди фаъолияте, ки бо мақсади гирифтани даромад ва ё фоида аст бояд, ки дар қайди мақомоти андоз бошанду тибқи муқаррарот андоз супоранд. Фаррух Сафарализода мегӯяд,ин намуди фаъолият ба истиснои фаъолияти казино агар қонунгузорӣ манъ накарда бошад, вазифадор буданд, ки андоз супоранд.

“Маълум аст, ки тиҷорати онҳо асосан тариқи интернет аст. Лекин манбаъи даромадашон аз куҷо аст, чихел кор мекунанд бо кадом восита маблағро нақд бармегардонанд ва ё тавассути суратҳисоби бонкӣ бошад ва ё тавассути барномаи ҳамёни (кошелек)-и интернетӣ аст, санҷиш маълум мекунад”.

Бино ба гуфти манбаъ ин афрод пеш аз фаъолият иҷозатномаи махсус мегирифтанд ва худро ҳамчун андозсупоранда расман дар мақомоти андоз ба қайд мегузоштанд, ки талаботи қонун ҳамин аст. Дар асоси кодекси андоз ҳангоми пешниҳоди эъломия ё саривақт супоридани андозҳо нисбати ин афрод ҷиноят дар самти андоз татбиқ намешавад , мегӯяд, муовини сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд.

Аз Бонки миллӣ низ мегӯяд, ки ба чунин тиҷорат дар Тоҷикистон иҷозат нест. Манбаъ гуфт барои тиҷорати криптовалюта компютерҳои пуриқтидор ва интернетӣ босуръат лозим аст. Ва бино ба гуфти манбаъ аз Бонки миллӣ ин тиҷоратро аксар кишварҳо напазируфтааст

Ин санҷиши муштараки мақомоти андоз бо мақомоти интизомӣ аст, ки гуфта мешавад афроди ба тиҷорати криптовалюта машғулбуда ошкор гардидаву ҳамаи онҳо бозпурсӣ ва санҷида мешаванд. Тиҷорати криптовалюта як нав асъори  рақамӣ мебошад, ки тариқи автоматӣ дар шабакаи интернетӣ кор мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.