Корхонаҳои Душанбе дар зарфи 9 моҳи соли 2020 ба маблағи умумии 155 млн доллар сармоягузории хориҷӣ ҷалб намуданд.

Бино ба иттилои шаҳрдории Душанбе, аз ҷумла, 29 корхона дар ҳаҷми умумии ҳудуди 53 млн доллар сармоягузории мустақими хориҷӣ ва 16 корхона ба маблағи қариб 102 млн доллар дигар сармоягузориҳо ҷалб кардаанд.

Гуфта мешавад, айни замон дар пойтахт 45 корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият доранд.

Дар пойтахт 13 лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ амалӣ мешаванд, ки аз ҳисоби онҳо бо назардошти солҳои гузашта 422,5 млн доллар, аз ҷумла 28,5 млн доллар - дар соли 2020 азхуд шудааст.

Соли 2020 шумори умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар қаламрави  шаҳри Душанбе зиёда аз 42,4 ҳазор ададро ташкил дод.

Тибқи маълумоти шаҳрдорӣ, дар пойтахт 7316 корхонаву ширкатҳо (шахсони ҳуқуқӣ) ва наздики 35 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ амал мекунанд, ки ҳудуди 24 ҳазор нафарашон бо патент ва зиёда аз 11 ҳазор нафар бар асоси шаҳодатнома фаъолият мекунанд.

Соли гузашта 475 корхонаҳои истеҳсолӣ ба маблағи умумии 2,4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки 6,2% зиёдтар нисбат ба соли 2019 мебошад.

Соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти минтақавии Душанбе 10,4 млрд сомониро ташкил дод, ки 4% зиёдтар дар муқоиса бо соли 2019 аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.