Меҳмонхонаи нави муосир дар қисмати шимолу ғарби Душанбе дар доираи лоиҳаи сохтмони бинои баландошёнаи бисёрсоҳавӣ бунёд мегардад.
Дар қарори ҳукумат дастур дода мешавад, ки ҳудуди 1 гектар қитъаи замин аз ҳисоби Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Ҷавонон" гирифта шуда, барои бунёди маҷмааи бисёрошёна бо меҳмонхонаи муосир ба ихтиёри ширкати сохтмони “Элит-Сервис-Строй” дода шавад.
Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Ҷавонон" байни Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) каме болотар аз Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (“Ҷазира”) ҷойгир шудааст.
Дар санад қайд мешавад, ки ширкати сохтмони “Элит-Сервис-Строй” барои бунёди маҷмаа 0.69 гектар гулгашт ва чаманзори боғи “Ҷавонон” ва 0.24 гектар пайроҳаҳои пиёдагардро мегирад.
Дар бораи ширкати сохтмон
ҶДММ “Элит-Сервис-Строй” соли 2007 таъсис дода шуда, дар сомонааш худро яке аз пешсафони шоистаи бозори сохтмони кишвар тайи беш аз 10 сол инҷониб муаррифӣ мекунад.
Маълумот дар бораи муассисони “Элит-Сервис-Строй” мавҷуд нест.
Гуфта мешавад, биноҳои аз ҷониби ин ширкат қоматафрохта дар кӯчаҳои маъруфи пойтахт: Пушкин, Испечак, Қаҳҳоров, Сомонӣ, Бухоро, инчунин бӯстонсароҳо дар дараи Варзоб ҷойгир шудаанд.
Сохтану боз сохтан
Ба ақидаи коршиносон, раҳбарияти меҳмонхонаҳои пойтахт аз кам будани мизоҷон (20% пуршавӣ) шикоят дошта, “бозор ҳоло ба чунин шумори зиёди меҳмонхонаҳо ҳоло омода нест”.
Тибқи маълумоти расмии оморӣ, дар пойтахт наздики 40 меҳмонхонаи нисфашон 3-5 ситорадор ва ҳамагӣ андаке бештар 10 адад хостелҳо (хобгоҳҳо) фаъолият доранд.
Дар ҳамин ҳол, солҳои наздик ба истифода додани боз 9 меҳмонхона (аз 3 то 5 ситорадор) бо 630 ҳуҷра дар маҷмӯъ ба нақша гирифта шуда, ин меҳмонхонаҳо дар як вақт зиёда аз 1 ҳазор нафарро қабул карда метавонанд.
Аз ҷумла, муддати аллакай 15 сол инҷониб сохтмони меҳмонхонаҳои Grand Rudaki Tower ва «Исмоили Сомонӣ» идома дорад.
Илова бар ин, дар хиёбони Рӯдакӣ сохтмони 10 қароргоҳ барои меҳмонони воломақом ҷараён дорад, ки бояд то моҳи сентябри ҳамин сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста