То охири соли гузашта захираҳои байнулмилалии Тоҷикистон ба 8,5 моҳи пӯшиши воридот расид, хабар дод раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзод зимни нишасти хабарии рӯзи 10 феврал.
Ба гуфтаи ӯ, аз 5,3 моҳи пӯшиши воридот дар охири соли 2019 дар соли 2020 ин захираҳо 3,2 моҳ зиёд шуданд.
Раиси БМТ арзиши умумии захираҳои байнулмилалиро дар ифодаи пулӣ, инчунин ҳаҷми хариду фурӯши тиллоро дар соли гузашта ифшо накарда, танҳо қайд кард, ки қисмате аз захираҳои тилло соли гузашта ба хориҷа фурӯхта шуданд.
Тибқи маълумоти расмии оморӣ, соли 2020 маблағи ҳаҷми моҳонаи воридот ба ҳисоби миёна 262 млн долларро ташкил додааст. Бо ин назардошт, метавон тахмин зад, ки захираҳои тиллову асъори БМТ дар аввали соли ҷорӣ 2 млрд 227 млн долларро ташкил медиҳанд.
Қаблан дар Вазорати саноат зикр карда буданд, ки тиллои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда ба Вазорати молия ва Бонки миллӣ, инчунин ба миқдори начандон зиёд ба корхонаҳои истеҳсоли маснуоти заргарӣ фурӯхта мешавад.
Бонки миллӣ захираҳои байнулмилалии худро дар бонкҳои Швейтсария ва Олмон нигоҳ медорад.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, соли гузашта нисфи содироти Тоҷикистон аз фулузот (металл)-и гаронбаҳо иборат буд, ки ба маблағи 690 млн доллар ба хориҷа фурӯхта шуд.
Портали иттилоотӣ-таҳлилии Take-profit.org хабар медиҳад, ки дар поёни семоҳаи дуюми соли 2020 захираҳои тилло дар Тоҷикистон 17,2 тоннаро ташкил дода буданд.
Портали мазкур дар бораи рӯйдодҳои ҷаҳон дар соҳаи иқтисод, бозорҳои фондӣ ва молӣ, майдонҳои биржа маълумот медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар баробари БМТ Вазорати молия низ захираҳои тиллову асъорро дар ихтиёр дорад. Маълумот дар бораи ин захираҳо ифшо намешавад ва дастрас нест.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?
“Иқдоми носанҷида”. Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, нархи тарофаҳоро дубора боло набаранд
Visa дар бораи рушди технологияҳои рақамии пардохтӣ дар Тоҷикистон нақл кард
Байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ имзо шуд
То охири сол дар Тоҷикистон пас аз таъмиру навсозӣ 5 роҳи мошингард ба истифода дода мешаванд
Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин сафари расмӣ ба Италия ва Ватикан рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста