Ҳукумати Тоҷикистон омода аст ҷиҳати ҷалби бештари сармояи мустақим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкатҳои амрикоӣ чораҳои таъхирнопазир андешад, изҳор дошт муовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид зимни вохӯрии чанде қабл бо намояндагони тиҷорати ИМА дар ҷараёни видеоконфронс.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар вохӯрӣ роҳбарон ва мансабдорони мақомоти дахлдори давлатӣ, сафири Тоҷикистон дар ИМА Фаррух Ҳамрализода, президенти Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Амрико Филлип де Леон ва намояндагони бахши хусусии ду кишвар, аз қабили American Councils for International Education, Boeing, General Electric, Caterpillar, Coca-Cola, Comsup, John Deer, Medtronic, Silverleafe, Valmont, VISA, Zeppelin, Xenophon Strategies, Somon Air, Tojik Air ва ғайра иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маълумот қайд мешавад, ки тоҷирони амрикоиро бо имконоти сармоягузории Тоҷикистон шинос намуда, ба иштирок дар лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории кишвар даъват карданд.
Аз ҷумла сармоягузорӣ ба истихроҷи канданиҳои фоиданок, инчунин роҳандозии ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, чунончи пахта пешниҳод шуд.
Гуфта мешавад, дар назар аст, ки ояндаи наздик силсилавохӯриҳои маҷозӣ аз рӯи соҳаҳо байни бахши хусусии ду кишвар ташкил карда шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?
“Иқдоми носанҷида”. Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, нархи тарофаҳоро дубора боло набаранд
Visa дар бораи рушди технологияҳои рақамии пардохтӣ дар Тоҷикистон нақл кард
Байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ имзо шуд
То охири сол дар Тоҷикистон пас аз таъмиру навсозӣ 5 роҳи мошингард ба истифода дода мешаванд
Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин сафари расмӣ ба Италия ва Ватикан рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста