Раёсати андоз дар вилояти Суғд чаҳор нафар сокини шаҳру ноҳияи Истаравшан ва Ҷаббор Расуловро ошкор кардааст, ки бо 234 дастгоҳ машғули тиҷорати ғайриқонунии криптовалюта ё рамзарз будаанд. Аз мақомоти андоз гуфтанд, ин нафарон аз ҳар як дастгоҳи криптовалюта рӯзе 40 доллари амрикоӣ ё худ 452 сомонӣ пул кор мекарданд.

Мақомоти андоз гуфт, ин дастгоҳҳо ҳамагӣ се-чаҳор моҳи охири соли 2020 фаъол шуда, аз Чин оварда шудаанд. 

Исроил Наимов, сардори шуъбаи ситонидани қарзи андозҳои Раёсати андоз дар вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин нафарон бе сабти ном дар мақомоти андоз ба фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ машғул буданд. Вай афзуд, аз ду нафар дар шаҳри Истаравшан беш аз 50 дастгоҳи криптовалюта ва аз ду нафари дигар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 179 адад чунин дастгоҳҳоро ошкор кардаанд. 

“Дар амалиёти аввалӣ, ки дар шаҳри Истаравшан сурат гирифт, дар ошёнаи дуюми бинои боғчаи бачагона 17 адад таҷҳизоти криптовалюта, ки ба шабакаи интернет пайваст буданду фаъолона кор мекарданд, ошкор намудем. Ба гуфтаи соҳибкор, ҳар як таҷҳизоти васлкунанда бо арзиши криптовалюта дар як рӯз 40 доллар кор мекардааст. Баъдан мо ба хонаи ҳамин шаҳрванд рафта, аз дохили хонаву таҳхонааш 34 адади дигар чунин таҷҳизоти пайваст ба интернетро ёфта, безарар гардонидем. Нафари баъдии охирон, чанд вақт пештар дар ҳамин шаҳр бо чаҳор басти электронӣ ба даст афтод”.

Вай инчунин гуфт, дар як амалиёти муштарак бо мақомоти қудратӣ дар ҷамоатҳои Деҳмой ва Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ду нафар 179 таҷҳизоти криптовалютаро ошкор карданд.

Бино ба гуфти Исроил Наимов, ҳоло ҳам амалиёти ошкор кардани ин гуна тиҷорати ғайриқонунӣ идома дорад ва мақомоти қудратӣ нисбати боздоштшудаҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз кардаанд. Парвандаи ҷиноии ин афрод марбут ба дуздии барқ будааст, ки таҷҳизоти криптовалютаи ба шабакаи интернетӣ пайваст аз ҳамин ҳисоб кор мекардааст.

Мақомоти андоз чунин усули тиҷоратро ба ҷомеъа хавфнок номида ва аз аҳолӣ хоҳиш кардаанд, ки дар пайдо кардани нафарони бо тиҷорати криптовалюта машғулбуда бо онҳо кӯмак кунанд.

Феълан амалиёти муштараки ошкор кардани мақомоти андоз бо ниҳодҳои қудратӣ анҷом наёфтааст ва аз ин рӯ тасмими ниҳоӣ низ нагирифтаанд, ки расман ба чунин намуди тиҷорат иҷоза медиҳанд ва ё не. Аммо сардори шуъбаи ситонидани қарзи андозҳои Раёсати андоз дар вилояти Суғд тиҷорати криптовалютаро “хавфнок ва ё халалрасону монеи пешрафти ҷомеъаи имрӯза” номид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.