Шумори умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар Тоҷикистон соли 2020 то 1,7 млн адад расид, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).

Дар муқоиса бо соли гузашта соли 2020 шумори ҳамёнҳои электронӣ ба андозаи 4,9 баробар ё худ ба миқдор 1,4 млн адад зиёд шуд.

Гуфта мешавад, тавассути ҳамёнҳои электронӣ 10,7 млн. адад амалиётҳои пардохти ғайринақдӣ ба маблағи 543,1 млн. сомонӣ анҷом дода шудаанд, ки нисбат ба соли 2019 аз рӯи шумораи амалиёт 8, 8 млн. адад (5,7 маротиба) ва аз рӯи ҳаҷми амалиёт 440,8 млн. сомонӣ (5,3 маротиба) зиёд мебошанд.

Ҳамчунин тибқи маълумоти БМТ, соли 2020 миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда ба санаи ҳисоботӣ зиёда аз 3,2 млн. ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 дар ҳаҷми 30,8 фоиз зиёд мебошад.

Ба ҳолати 31 декабри соли 2020 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқан 1 281 адад ва 5 710 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин санаи соли 2019 шумораи банкоматҳо 403 адад ва терминалҳои электронӣ 362 адад зиёд шудааст.

Умуман, дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 48,8 млн. адад амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 1,9 млн. сомонӣ гузаронида шуданд, ки нисбат ба соли 2019 аз рӯи шумора 40,2 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 2,2 маротиба зиёд мебошанд.

Афзоиши босуръати амалиёти ғайринақдӣ тариқи воситаҳои электронии пардохтӣ дар соли 2020, дар навбати аввал бо маҳдудиятҳои марбут ба пандемия маънидод мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.