Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар мавриди рушди саноати сабук дар ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ кард.

Дар ин робита ӯ изҳор дошт, ки дар Қирғизистон, ки “имконоташ нисбати мо камтар аст”, дар соҳаи саноати сабук 158 ҳазор нафар кор мекунанд.

“Ин нишондиҳанда дар мо чанд баробар пасттар аст, - гуфт вазир зимни нишасти матбуотии имрӯза. - Моро лозим аст, ки ба корҳо дар ин самт, бахусус дар соҳаи коркарди нахи пахта ва абрешим тақвият бахшем”.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2020 Тоҷикистон ба маблағи 1 млрд 406,9 млн доллар ба хориҷи кишвар молу маҳсулот содир кардааст.

“Аз он 1 млрд 215,4 млн доллар ба соҳаи саноат рост омада, дар ин давра ҳаҷми содироти алюминий 87 ҳазор тонна, маъдан - 191,4 ҳазор, семент - 1 млн 313 ҳазор ва нахи пахта - 100,1 ҳазор тоннаро ташкил дод”, - гуфт Шералӣ Кабир.

Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки Тоҷикистон дар самти истеҳсол ва содироти семент имконоти зиёд дорад.

“Соли гузашта 5,6 млн тонна семент истеҳсол шуда, 1,3 млн тоннаи он ба Ӯзбекистону Афғонистон фурӯхта шуд”, - қайд кард вазири саноат.

Зимнан зикр шуд, ки соли сипаришуда суръати афзоиши соҳаи саноат дар ҷумҳурӣ 9,7%-ро ташкил дод.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки соли 2020 дар Тоҷикистон 2274 корхона ба қайд гирифта шуда, 110-тои онҳо бо сабабҳои гуногун фаъолият надоштанд.

“Соли гузашта дар Тоҷикистон 300 корхонаи нав таъсис дода шуда, дар онҳо 6500 ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуданд", - илова кард Шералӣ Кабир.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.