Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи надози назди ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш далели дар соли 2020 иҷро карда натавонистани нақшаи андозро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта онҳо натавонистанд 600 миллион сомонии дигарро ба буҷа ворид кунанд.

Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода, дар соли 2020 ин ниҳод натавонист 2,3% андозҳо ва дигарро пардохтҳоро ҷамъоварӣ кунад. Ба назари раиси Кумита, ин асосан аз ҳисоби  кам шудани даромади ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ будааст. 

"Қарз аз андоз дар соли 2020 330 миллион зиёд шуда ва 884 млн сомони ($75 млн) расидаасӣ, - гуфт Давлатзода. - Шумораи умумии қарздорон 35 ҳазор аст".

Давлатзода қарздорони бузурги андозро гуфт, ки дар миёни онҳо «Таҷиктелеком» (86 млн сомонӣ), НБО "Роғун"  (67 млн сомонӣ), Ширкати алюминийи тоҷик - Талко (38 млн сомонӣ), Сангтӯда – 1 (36 млн сомонӣ), Фурудгоҳи Душанбе (31 млн сомонӣ), «Талко Ресурс» (17 млн сомонӣ) ва «Алюминсохтмон» (16 млн сомонӣ).

Раиси Кумитаи андоз гуфт, ки маблағи умумии қарзҳои ширкатҳои зикршуда 291 млн сомониро ташкил мекунад, ки ба 33%  маҷмуъи умумии қарзҳо аз андоз баробар аст.

Ӯ зиёд шудани қарзи ширкатҳои бузургтарин кишварро ба вазъияти ҷории кишвар, ки бар асари ҳамагирии коронавирус ба амал омадааст, марбут донист. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.