Дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҳамагӣ 72 ширкати хориҷиву ватанӣ номнавис шудааст, 25 ширкати он ширкатҳои истеҳсолӣ буда ба содироту воридот сару кор доранд. Ин нуктаро имрӯз Завқӣ Завқизода вазири рушти иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт.

Аз шумораи умумии ширкатҳои сабтиномшуда, 30 ширкат дар минтақаи озоди иқтисоди (МОИ)-и "Суғд", 25 дар МОИ "Данғара", 11 ширкат дар "Панҷ", 5 дар МОИ "Ишкошим" ва 1 ширкат дар "Кӯлоб" будааст. 

Ҳаҷми умумии сармоя ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар соли 2020 43,3 миллион сомониро дар бар гирифта, ки 24,3 миллион ба минтақаи "Данғара", 16,9 миллион ба "Суғд" ва 2,1 миллион ба минтақаи "Панҷ" марбут аст. 

Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод дар ин давра дар ин минтақаҳо бо маблағи 199,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст ва соли гузашта дар ин ҷо 1091 ҷойи корӣ фароҳам шудааст. 

Ҳамчунин вазири иқтисод гуфт, ки сарфи назар аз буҳрони коронавирус дар соли 2020 ҳаҷми содироти Тоҷикистон боло рафт. Ба гуфтаи вазир гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба $4557,8 млн расидааст, ки  0,8% ё $34,1 млн бештар аз соли 2019 мебошад.  

Ба гуфтаи ӯ соли гузашта 2020 содирот $1406,9 млн шуд, ки $232,5 млн  ( 19,8%) бештар аз соли пештар аст. Вазири ҳаҷми моли воридшударо $3 150,9 млн гуфт, ки $198,4 млн  ( 5,9 %) камтар аз соли 2019 мебошад.

Дар соли гузашта воридот асосан аз кишварҳои шарики тиҷоратӣ, аз ҷумла Чин то 27,6%, Туркия - 16,6%, Ҷопон - 29,7%, Укроин - 29,4% кам шудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.