Ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон то аввали соли равон ба 3,7 млрд доллар расид, ки ба 46,8% нисбат ба ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст, хабар дод муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарии имрӯз, 18 феврал.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар сохтори қарзи давлатӣ 3,2 млрд доллар (85%) ба қарзи хориҷӣ ва 500 млн доллар - ба қарзи дохилӣ рост меояд.

Соли 2020 ҳаҷми қарзи беруна 300 млн доллар афзуда, қарзи дохилӣ баръакс, беш аз 200 млн доллар кам шудааст.

Қарзи давлатӣ дар соли гузашта дар навбати аввал, аз ҳисоби қарзи аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешниҳодгардида ба маблағи 190 млн доллар зиёд шуд.

Қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин (1,2 млрд доллар) мебошад.

Қарзҳо аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ 500 млн долларро ташкил медиҳанд. Инчунин назди Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва ХБА низ қарзҳо дар ҳаҷми начандон зиёд вуҷуд доранд.

Дар сохтори қарзҳои дохилии ҷумҳурӣ зиёда аз 40%-ашро векселҳо (васиқаҳо) барои сармоягузорӣ ба ду бонки мушкилдори кишвар - “Агроинвестсонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин ин қарзҳо аз ҳисоби ҷойгиркунии облигатсияҳо (вомбаргҳо) ва векселҳо (васиқаҳо)-и Вазорати молия барои бароварда кардани эҳтиёҷоти гуногуни давлатӣ ба вуҷуд омадаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар соли 2021 ба маблағи 453 млн доллар қарзи хориҷӣ ҷалб кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.