Соли 2020 дар корхонаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и ҷумҳурӣ ба маблағи 199,8 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, хабар дод дар вохӯрӣ бо журналистон рӯзи 19 феврал вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар МОИ-и кишвар зиёда аз 1090 ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудааст.

“Ҳаҷми сармоягузорӣ дар МОИ то соли 2020 43,3 млн сомониро ташкил дод, ки 24,3 млн сомонӣ ба минтақаи “Данғара”, 16,9 млн сомонӣ - ба “Суғд” ва 2,1 млн сомонӣ - ба “Панҷ” рост меояд”, - иброз дошт Завқизода.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар 72 корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 30-тои онҳо дар МОИ “Суғд”, 25-то - дар “Данғара”, 11-то - дар “Панҷ”, 5-то - дар Ишкошим” ва 1-то - дар “Кӯлоб” фаъолият доранд.

Аз шумори умумии субъектҳои сабтшуда 25 корхона ба фаъолияти истеҳсолӣ ва содиротиву воридотӣ машғуланд. Ширкатҳои боқимонда корҳои сохтмон ва воридоти таҷҳизоти истеҳсолиро анҷом медиҳанд.

Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2005 оғоз гардида буд. Он замон зикр шуд, ки ин минтақаҳо барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ, ҷорисозии технология ва таҷрибаи идоракунӣ, бунёди зербинои муосири истеҳсолӣ, таъмини бештари бозори дохилӣ бо молу маҳсулот ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум таъсис дода мешаванд.

Соли 2008 расман эълон шуд, ки дар ҷумҳурӣ 4 минтақаи озоди иқтисодӣ - “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ” ва “Ишкошим” таъсис дода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.