Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба пешниҳоди маълумоти зарурӣ дар бораи интиқоли маблағҳои пулӣ ба унвони шахсони хориҷӣ, ки аз ҳисоби хизматрасониҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ даромад мегиранд, муваззаф шуд.

Дар қарори ҳукумат аз 6 феврали соли равон қайд мешавад, ки ҳамчунин Бонки миллӣ вазифадор шуд, ки якҷо бо Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳои дахлдор, инчунин дигар ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати рушди низоми пардохт ва ташаккули низоми ба буҷет ворид намудани маблағи андозҳо, пардохтҳо, боҷҳо ва хироҷҳои гумрукӣ ба таври ғайринақдӣ чораҷӯйӣ намояд.

Хизматрасониҳои электронӣ иборатанд аз фурӯши китоб ва файлҳои расонаӣ (мундарҷиаи рақамӣ), интиқоли ҳуқуқ ба истифодаи барнома, реклама, хизматрасонӣ ба сомонаҳо, захира ва коркарди маълумот, роҳандозии ҳисоби оморӣ, хостинг, дастрасӣ ба низомҳои ҷустуҷӯ, соҳаи IT ва ғайра. Яъне хизматрасониҳое, ки тавассути интернет анҷом дода мешаванд.

БМТ баъди роҳандозии Маркази миллии протссесингӣ оид ба интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб барои муайян кардани фиристанда ва қабулкунандаи қариб ҳама интиқолҳои пулӣ имкон дорад.

Моҳи январи соли равон тағйироту иловаҳо ба Кодекси андоз мавриди амал қарор гирифтанд, ки дар онҳо андозбандии (ААИ) ширкатҳои хориҷӣ ё агентҳои онҳо барои хизматрасонии электронӣ дар ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.