Дар Маскав рӯзи 25 феврал вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо раиси раёсати Бонки авруосиёии рушд (БАОР) Николай Подгузов баргузор шуд.

Бино ба иттилои намояндагии Тоҷикистон дар Русия, зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону БАОР дар соли 2021 ва дурнамои амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла саноату энергетика ва дигар соҳаҳо баррасӣ шуд.

БАОР Мудирияти воситаҳои Фонди авруосиёии субот ва рушдро дар ихтиёр дошта, аввали моҳи ноябри соли гузашта ба Тоҷикистон 50 млн доллар қарз дод. Қарз ба муҳлати 20 сол бо давраи имтиёзноки 10 сол ва меъёри сабтшудаи 1%-солона ҷудо шуд.

Қарзи мазкур ба дастгирии буҷети Тоҷикистон дар шароити оқибатҳои манфии пандемияи COVID-19 равона мешавад.

Мувофиқи пешгӯии БАОР, иқтисодҳои кишварҳои узви Бонк оҳиста-оҳиста барқарор шуда, соли 2021 суръати рушди иқтисод дар Арманистон – 4,9%, Қазоқистон – 4,4%, Қирғизистон – 3,7%, Русия – 3,2% ва Тоҷикистон – 6,1%-ро ташкил хоҳад дод.

Пурра барқарор шудани ММД ба давраи то буҳрони семоҳаи 4-уми соли 2019 танҳо дар Қазоқистон ба амал меояд, ки дар он поинравӣ аз рӯйи натиҷаҳои соли 2020 нисбатан камтар аст. Ба ин ҳаҷм дигар кишварҳо дар нимаи аввали соли 2022 ё дертар аз он мерасанд.

Бонки авруосиёии рушд соли 2006 таъсис дода шуда, Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Русия аъзои он мебошанд. Ҳаҷми сармояи Бонк 7 млрд долларро ташкил дода, саҳми Тоҷикистон ба сармояи оинномавӣ ба 500 ҳазор доллар баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.