Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон барои додани иҷозатнома “Равзанаи ягона” боз кард.

Дар Вазорат шарҳ медиҳанд, ки портал барои содакунӣ ва шаффоф ҷараён гирифтани дастрас намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ҷиҳати роҳандозии тиҷорат дар соҳаи саноат таъсис дода мешавад.

Дархост барои гирифтани иҷозатномаро акнун метавон ба таври фосилавӣ тариқи портали “Равзанаи ягона” ijozatnoma.tj пешниҳод намуд.

Дар Вазорат бар ин назаранд, ки иқдоми мазкур ба рафъи монеъаҳои сунъӣ дар ҷараёни гирифтани иҷозатнома мусоидат менамояд.

Роҳандозии ин порталро дар Вазорат ҳамчунин дастгирии соҳибкорон ва тавсеъаи истифодаи амалиёти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар кишвар маънидод мекунанд.


Айни замон тавассути “Равзанаи ягона” барои гирифтани иҷозатнома аз рӯйи чунин фаъолиятҳои соҳибкорӣ метавон ҳуҷҷат пешниҳод кард:

- истифодаи захираҳои зеризаминӣ;

- истеҳсол ва фурӯши машрубот (нӯшокиҳои спиртӣ);

- истеҳсол ва фурӯши маснуоти тамоку;

- коркард ва то ба ҳадди ниҳоии маҳсулот расонидани сангҳо ва фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо;

- коркард ва фурӯши фулузоти сиёҳ ва ранга.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ифтитоҳи тиҷорат тибқи самтҳои дар боло зикршуда дар портал ҷойгир шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.