Мақомоти Тоҷикистон то кунун аз бурдани номи ширкат ва соҳиби он, ки корхонаи "Азот"-ро дар Тоҷикистон харидааст, худдорӣ мекунанд. Ҳарчанд пештар гуфтанд, ки ин корхонаро як ширкати ватанӣ бо 200 миллион доллари амрикоӣ аз молики чинияш харидааст. 

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, баъди бекор шудани шартнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати холдингии «Хэнан Чжун-Я”-и Чин саҳмияҳои ҶСШК “Азот”-ро ба фурӯш гузошт.

Зимни нишасти матбуотӣ, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлати кишвар Саъдӣ Қодирзода гуфта буд, ки 15 феврал тендер дар мавриди фурӯши бастаи аксияҳои ҶСШК “Азот” баргузор гардид. Дар ин тендер чанде аз ширкатҳои ватанӣ ширкат намуданд ва яке аз ширкатҳо пирӯз шуд. Аммо Саъдӣ Қодирзода номи ғолиби ин тендерро ошкор накард. Ҳарчанд гуфта буданд, ки рӯзҳои наздик номи ширкати пирӯзро мегӯянд, вале бо гузашти 1 моҳ ҳанӯз номи ин ширкатро ба мардум намегӯянд.

Корхонаро кӣ харид?

Чанд рӯзи ахир дар шаҳри Левакант ва гирду атрофи сару садоҳо аст, ки гӯё ғолиби ин тедер ширкати “Сиёма” шуда бошад. Ва имрӯзҳо ҳисобу китоби воситаҳои асосӣ ва ба мувозинати ин ширкат гузаронидани корхона идома дорад.

Чанд манбаъи мо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ин хабарро тасдиқ карда гуфтанд, ки мо низ шунидаем, ки “Сиёма” корхонаро ба мувозинати худ гирифта истодааст.

Ширкати «Сиёма»  тибқи як қарордоди ширкати «Авесто Гуруҳ» ва Ҳукумати Тоҷикистон 25 апрели 2019 таъсис дода шуд. 

Аммо мудири иҷроияи "Авесто Гуруҳ"  Зафар Бурҳонзода ба "Азия-Плюс" гуфт, ки "Сиёма" ва ҳамин тур "Авесто Гуруҳ" дар ин тендер ширкат накардааст.

"Азот". Августи 2020

Раёсати сармоягузорӣ ва идораиамволи давлатии вилояти Хатлон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ба мавзуъоти марбут ба ҶСШК “Азот” Кумитаи сармоягузорӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ сару кор дорад.

Дар ҳамин ҳол як манбаъи огоҳ аз Кумитаи сармоягузорӣ ба мо хабар дод, ки тендерро шикати “Осиё кемикал” буридаву айни замонномнависии воситаҳои асосии корхонаро мегузаронад, то корхонаро ба ихтиёр гирад. 

Вале дар бораи худи ширкати “Осиё кемикал” ҳеч маълумоти дақиқе на дар сайти Кумитаи андози Тоҷикистон ва на дар рӯйхати истеҳсолкунандагони кишвар вуҷуд надорад. 

Манбаъи мо далели эҳтимолии то кунун эълон нашудани соҳиби нави корхонаро то охир ҳал нашудани ҷузъиёти харидуфурӯҳ медонад.

"Баъзе қоидаҳое ҳаст, ки шояд харидор баъди ҳисобу китоб ва омӯзиши вазъи корхона аз харидории он даст кашад. Баъди гузаштани тендер ҳудуди як моҳ гуруҳи кории ширкати харидор ҳама паҳлуҳои корхонаро меомӯзад, баъд маблағи дар тендер муайяншударо пардохт карда, соҳиби саҳмияҳои корхона хоҳад шуд. Аз ҳамин хотир Кумитаи сармоягузори ва амволи давлати шояд аз эълони ғолиби тендер худдорӣ мекунад".

Ин дар ҳолест, ки корҳои сохтмонии лӯлаи газ аз ноҳияи Ёвон то шаҳри Левакант алакай оғоз шудаву ба гуфти раиси шаҳри Левакант ҳудуди 6 км лӯлаи газро хобондаанд. Мувофиқи баъзе маълумот дарозии ин хати лӯлаи газ 50 км-ро ташкил медиҳад.

Таърихи корхона

Бояд гуфт, ки ОАО “Азот” як корхонаи азими истеҳсоли нуриҳои минералӣ барои соҳаи кишоварзист, ки ҳанӯз солҳои 60-70 уми асри гузашта даврони Шӯравӣ сохта шудааст ва бештар бо номи “ТоҷикАзот” машҳур буд.  Ин корхона қаблан бо гази табии Узбакистон фаъолият мекард, вале баъди мушкил шудани муносибатҳои Тоҷикистон Узбакистон интиқоли газ аз Узбекистон қатъ гардид, ки дар натиҷа корхона аз фаъолият бозмонд.

Баъдан ин ширкатро вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва соҳибкори маъруфи зиндонӣ Зайд Саид бо як шарики тиҷоратии укроинияш харид, аммо баъди ба вуҷуд омадани қазияҳои Зайд Саид давлат ин корхонаро дубора бозпас гирифт. 

Соли 2016 ширкати чиннӣ «Хэнан Чжун-Я” хост корхонаро бо истифода аз ангишт ба кор дарорад, вале бо сабабҳои номаълум аз идомаи корҳои азнавсозӣ даст кашид, ки дар натиҷа шартномаи онҳо бо Ҳукумати Тоҷикистон бекор карда шуд.

Баъди муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя рӯ ба беҳбуди овардан, Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт корхонаро ба фурӯш гузорад ва онро бо гази табии Узбекистон ба кор андозад. Лӯлаи газе, ки қаблан ин корхонаро бо газ таъмин мекард тариқи Душанбе-Хуросон- Бохтар- Левакант кӯҳнаю фарсуда шуда аз фаъолият боз мондааст. Аз ин хотир ҳукумат тасмим гирифтааст, ки аз лӯлаи газе, ки то ноҳияи Ёвон омадааст ба шаҳри Левакант онро идома дода, корхонаро бо газ таъмин кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.