Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон воридоти маҳсулоти нафтиро коҳиш дод. Коршиносон болоравии минбаъдаи нархи сӯзишвориро пешгӯйӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, тӯли ду моҳи соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 82 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки 8% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Маблағи умумии маҳсулоти нафтии ба ҷумҳурӣ воридшуда зиёда аз 37,6 млн долларро ташкил додааст.

Давоми ду моҳи аввали сол нархҳои чаканаи бензин дар ҷумҳурӣ ба андозаи 16,4%, сӯзишвории дизелӣ (солярка) - 6,5% ва гази моеъ - 3,1% боло рафтанд.

Қобили зикр аст, ки болоравии арзиши сӯзишвории автомобилӣ дар Тоҷикистон даҳаи аввали ҳамин моҳ суръат гирифт. Нархи тамғаи бештар серхаридори бензин - АИ-92 дар ин давра қариб 25% боло рафт.

Дар назар аст, ки нархи чаканаи як литр ин навъи бензин дар Душанбе аввали моҳи апрел то ба 9 сомонӣ мерасад.

Дигар навъҳои бензин ва сӯзишвории дизелӣ низ дар пойтахт қимат шуд: АИ-95 – ба андозаи 21,7% (аз 6,90 то 8,40 сомонӣ), АИ-98 – 8,8% (аз 7,90 то 8,60 сомонӣ) ва сӯзишвории дизелӣ - 14,7% (аз 6,80 то 7,80 сомонӣ).

Дар минтақаҳои кишвар арзиши сӯзишворӣ боз баландтар аст, зеро маҳсулоти нафтӣ тариқи роҳи оҳан то анборҳои пойтахт расонида мешаванд.

Аз оғози сол нархи гази моеъ ҳам ба андозаи 7% боло рафт: аз 4,25 то 4,55 сомонӣ. Беш аз нисфи нақлиёти автомобилии ҷумҳурӣ аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунад.

Бар асари қиматшавии сӯзишвории автомобилӣ, баъзан дар нуқтаҳои фурӯш норасоии он ба мушоҳида мерасад ва бо истифода аз вазъ, ҳаннотон онро бамаротиб гаронтар мефурӯшанд.

Ширкатҳои воридкунанда сабаби гароншавии маводи сӯзишвориро ба болоравии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ, ки ба болоравии арзиши он дар корхонаҳои коркарди нафт боис мегардад, нисбат медиҳанд.

Чаро нафт гарон мешавад?

Нархи нафти навъи Brent аз 1 январ қариб 13 доллар афзуда, 18 март 68 доларро ташкил дода буд.

Коршиносони русиягӣ афзоиши арзиши нафтро дар навбати аввал зиёдшавии талабот бар пешниҳод маънидод мекунанд.

“Содиркунандагони нафт соли гузашта нархро ба тавре тағйир доданд, ки акнун истеҳсоли соли ҷорӣ кофӣ нест, то ки ҳамаи талабот қонеъ карда шавад”, - изҳор мекунанд мутахассисон.

Ҳамчунин ба ҳаннотӣ, шиддати вазъият дар Ховари Миёна ва доллари заиф низ ишора мешавад.

Агентии байнулмилалии энергетикӣ афзоиши минбаъдаи талабот ба нафтро дар ҷаҳон пешгӯйӣ мекунад.

“Исифодаи нафт дар семоҳаи авввали соли 2021 нисбат ба интизориҳои қаблӣ зиёдтар шуд, ки ба он ҳавои хунук дар Осиёи Шимолӣ, Аврупо ва ИМА мусоидат намуд. Иқтисоди бештар қавӣ ва ҷорисозии ваксина афзоиши талабот дар семоҳаи дуюмро дастгирӣ мекунанд”, - чунин мешуморанд мутахассисони Агентии байнулмилалии энергетикӣ.

Таҳлилгарони русиягӣ пешгӯйӣ мекунанд, ки то аввали моҳи апрел бензини тамғаи АИ-95 нисбатан бештар қимат мешавад.

“Аз оғози сол он аллакай 2,3% қимат шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки АИ-92 ва сӯзишвории дизелӣ 1,3-1,5% гарон шуданд. Тӯли якчанд моҳ арзиши АИ-95 дар пасманзари таваррум ба болоравӣ идома медиҳад ва ин раванд танҳо тобистон бозмеистад. То моҳи апрел он метавонад 3-4% гарон шавад”, - чунин мешуморанд таҳлилгарон.

Дар назар аст, ки зиёдшавии талабот то охири фасли баҳор идома меёбад. Давоми тамоми сол болоравии умумии нархҳо ба сӯзишворӣ ба 5-7% расида метавонад.

Қобили зикр аст, ки то 90% маҳсулоти нафтиро Тоҷикистон бо шартҳои имтиёзнок аз Русия ворид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.