Дар Душанбе рӯзи 18 март оид ба баррасии Лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мизи гирд доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар кори мизи мудаввар намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, коршиносони соҳавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.

Зимни суханонӣ дар ин чорабинӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода зикр кард, ки лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушд бо назардошти фикру таклифҳои тарафҳои ҳавасманд таҳия гардидаааст.

Ба гуфтаи вай, дар барнома роҳандозии 765 тадбирҳои зарурӣ бо истифода аз ҳамаи имконоту захираҳо ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар пешбинӣ шудааст.

Муаррифӣ гардид, ки арзиши умумии лоиҳаи барномаи мазкур 115,3 млрд. сомонӣ ё худ ҳудуди 10,2 млрд доллар буда, аз он 51,3 млрд. сомонӣ (44,5 фоиз) аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, 35,1 млрд. сомонӣ (30,5 фоиз) маблағҳои шарикони рушд ва 28,9 млрд. сомонӣ (25 фоиз) маблағҳои бахши хусусӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ хонум Пратибҳа Меҳта ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Мунео Такасака ва дигарон вобаста ба лоиҳаи БМР 2021-2025 мубодилаи афкор ва таклифҳои судманд пешниҳод карда, ҷиҳати саҳм гузоштан дар маблағгузории лоиҳаи ин барнома изҳори омодагӣ намуданд.

Зикр мегардад, ки дар натиҷаи амалисозии Барномаи охири рушди миёнамуҳлати кишвар (солҳои 2016-2020) натиҷаҳои зерин ҳосил шуданд:

- рушди миёнасолонаи ММД дар сатҳи на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд шуд;

- сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоиз то 26,3 фоиз коҳиш дода шуд;

- даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 маротиба афзуд;

- ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 26 фоиз зиёд шуд;

- мавқеи Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ 59 зина ва нишондиҳандаи сифати инфрасохтори роҳҳо тибқи арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ 32 зина беҳтар гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.