Байни ҶС «ЭСК «KazakhЕxport», ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) ва Бонки авруосиёии рушд (БАОР) рӯзи 18 март дар доираи ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

“Дар чаҳорчӯби ин санад ҳамкориҳо дар соҳаи саноат, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми содироти кокси обутобёфтаи нафтӣ, мертел ва феррофосфори электротермӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст", - хабар медиҳад «KazakhЕxport».

Гуфта мешавад, маҳсулот барои эҳтиёҷоти ТАЛКО бо истифода аз воситаҳои молиявӣ ва суғуртавии «KazakhЕxport» содирот мегардад.   

«KazakhЕxport» ба рӯйпӯши суғуртавии БАОР ба маблағи 15 млн доллар тибқи қарзи ҶСК "ТАЛКО" ҷиҳати пур кардани воситаҳои гардиш барои харидани маҳсулот аз истеҳсолкунандагони қазоқистонӣ омода аст”, - омадааст дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе дафтари кории намояндагии «ЭСК «KazakhЕxport» боз шуд.

Роҳандозии маблағгузорӣ ба содироти чархболи навъи Airbus Helicopters-и ширкати «Еврокоптер Казахстан инжиниринг» барои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз ҷумлаи лоиҳаҳои бузург шуморида мешавад.

Ғайр аз ин, дар мавриди содироти сохторҳои фулузӣ (металлопрокат) барои сохтмони неругоҳи Роғун, автобус ва автомобилҳои васлу насби Қазоқистон ба Тоҷикистон лоиҳаҳои бузург амалӣ шудааст.  

Ширкати суғуртаи содиротии «KazakhExport» - корхонаи зертобеъи Вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон оид ба пешбурди содироти маҳсулоти ғайриашёӣ ва хизматрасониҳо мебошад. Фаъолияти асосии ширкат ба дастгирии афзоиши содироти маҳсулоти ғайриашёӣ, кору хизматрасониҳо дар бахшҳои афзалияноки иқтисод ва таҷрибаандӯзӣ дар бахши молияву суғурта ва дастгирии ғайримолиявии корхонаҳои Қазоқистон равона гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.