Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "Алиф Бонк" пардохти иловагии андоз дар ҳаҷми тақрибан 1,6 млн сомониро (бо дарназардошти ҷаримаҳо) талаб кард",ғ гуфт ба "Азия-Плюс" раиси "Алиф Бонк" Абдулло Қурбонов.

 Ба гуфтаи ӯ Кумитаи андоз баъди санҷиши андозҳои пардохткардаи "Алиф Бонк" барои соли 2019 талаб кардааст, ки ин ҳаҷми маблағ бо шумули ҷаримаҳо пардохта шавад. 

"Алиф бо ин талаби Кумитаи андоз розӣ нест ва ба Шӯрои аппелятсионии назди Кумитаи андоз шикоят кард. Шикоят рад шуд. Баъдан, Алиф ба суд муроҷиат кард. Суд хело зуд ба фоидаи Кумитаи андоз ҳалнома баровард. Аммо, мо аз ин роҳи дуруст даст накашидем — ҳамчун қадами навбатӣ, ҳафтаи гузашта мо ба Суди Олии иқтисодӣ шикояти кассатсионии худро супоридем",-гуфт Қурбонов. 

Қурбонов мегӯяд, ки "Алиф Бонк" бар ҳақ будани худ пойфишорӣ мекунад ва ба ҳалли одилонаи қазия умед мебандад. 

"Дар зиндагӣ чӣ мушкилие ояд, бояд ноумед нашуд. То он даме, ки ниятамон нек асту ҳаракат мекунем, ҳар мушкилие, ки сари роҳамон меояд, як хайре дорад, як имтиҳонест. Имтиҳони навбатии мо — ин баҳси мо бо Кумитаи андоз аст. Ниятамон — одилона ҳал шудани баҳс аст".

«Алиф Бонк» яке аз бонкҳои пештозу муваффақ ва навтаъсиси тиҷоратӣ дар Тоҷикистон аст, ки иҷозатномаро аз Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2020 ба даст овард. 

Ин бонк дар заминаи ташкилоти хурди қарзиву амонатии "Алиф Капитал" таъсис шуд, ки аз соли 2014 фаъол буд. 

Бастаҳои комили саҳмияҳои ин бонк марбут ба ҶС «Alif Capital Holdings limited» мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.