Дар шаҳри Душанбе аз 1 апрел Намоиш-фурӯши маҳсулотҳои қолинии истеҳсоли ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» оғоз гардида, он то 4 апрели соли равон дар Филармонияи давлатӣ идома меёбад.

Ба иттилои бахши котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тарғибу ташвиққ ва муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ба шаҳрвандон аст.

Гуфта мешавад, дар ин чорабинӣ то 30 % тахфиф барои харидории ҳар як қолин пешбинӣ карда шудааст.

Зикр мегардад, ки ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» яке аз истеҳсолкунандаи бузурги маҳсулоти қолинӣ дар кишвар ба шумор рафта, парки технологиии корхона бо дастгоҳҳои истеҳсоли ширкатҳои Олмон, Белгия, Фаронса, Италия, Туркия ва Эрон азнавмуҷаҳҳазгардонӣ карда шудааст.

Ҳоло дар корхона 10 намуди қолинҳои патдор («Азата», «Визион», «Симин», «Суғдиёна», «Шоҳаншоҳ», «Мароқанд», «Роҳгард», «Тафтинг» ва «Суғдиёна Голд»), 4 намуд қолинҳои тафтингӣ бо истифода аз 200 нақшу нигор истеҳсол гардида истодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.