Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз камтарин иқтисоди “пайваста” дар ҷаҳон мебошанд, гуфта мешавад дар маълумоти Бонки ҷаҳонӣ оид ба натиҷаҳои онлайн-брифинги “Пайвастагии нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ: чолишҳо ва имконот” (Транспортная связанность в Центральной Азии: вызовы и возможности).

“Ченак (индикатор)-и пайвастагӣ дар минтақа ба ҳисоби миёна камтар аз 60% тибқи нишондиҳандаи дастрасӣ ба нақлиёт нисбат ба ММД-и глобалиро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи пасттарин аз рӯйи ҷадвали мазкур аст”, - гуфтаанд иштирокчиёни брифинг.

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки арзиши воридоту содирот дар Осиёи Марказӣ баланд боқӣ монда, ба рақобатпазирии онҳо дар хориҷа таъсири манфӣ мерасонад ва арзиши маҳсулоти воридотиро барои истеъмолгарони маҳаллӣ баланд мекунад.

“Масалан, арзиши аслии расонидани контейнер ба Шанхай аз ҳама гуна кишвари минтақа беш аз 5 баробар зиёдтар нисбат ба расонидани он аз Лаҳистон (Полша) ё Туркия аст”, - зикр мешавад дар хабар.

Ба ақидаи иштирокчиёни брифинг, беҳбуди вазъи пайвастагии нақлиётӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ тарзу усул ва рӯйи кор овардани тадбирҳои маҷмӯавӣ (комплексӣ)-ро тақозо мекунад.

“Беҳбуди зербинои нақлиётӣ ва логистика, кам кардани муҳлати тавааққуфи бор дар сарҳадҳо, коҳиши тарифҳои савдо ва гумрук, инчунин тарзи мувофиқашуда ба меъёрҳои мусоидат ба боркашонии нақлиётӣ ва савдо дар кишварҳои гуногуни Осиёи Марказӣ ба иқтисоди минтақа таъсири мусбат расонида метавонанд”, - тавсия дода мешавад ба кишварҳои минтақа.

Роҳбари барномаҳои рушди зербинои Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Антонио Нунес бар ин назар аст, ки кишварҳои минтақа то ҳол аз имконоти бузурги савдои дохилӣ ва хориҷӣ истифода накардаанд.

“Барои ин роҳандозии тарзу усули маҷмӯавӣ нисбат ба беҳбуди пайвастагии нақлиётӣ дар дохил ва байни кишварҳои минтақа зарур аст”, - иброз доштааст ӯ.

Ба ақидаи Нунес, беҳбуди пайвастагии нақлиётӣ ба афзоиши ММД-и кишварҳои минтақа тақрибан ба андозаи 15% мусоидат карда метавонад.

Ҳамчунин ба пайвастагии маҳдуди нақлиётӣ дар дохили давлатҳои минтақаи Осиё Марказӣ ишора рафтааст.

“Ба ин тариқ, дар аксари қисматҳои минтақа мавҷуд набудани зерсохтори зарури нақлиётӣ ва арзиши баланди хизматрасонии боркашонӣ ба мушоҳида мерасад. Ин дастрасӣ ба хизматрасониҳо, фаъолияти иқтисодӣ, шуғли аҳолиро маҳдуд сохта, инчунин ба рушди сайёҳӣ монеъа эҷод месозад”, - таъкид мешавад дар маълумот.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.