ҶСК “Фононбонк”, ки дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор дорад, қарзашро ба саҳҳомони худ - шахсони воқеӣ пурра баргардонид, ба ҷуз шахсоне, ки ба бонк вобастаанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).

Дар Бонки миллӣ таъкид мекунанд, ки уҳдадориҳои  боқимонда назди шахсони воқеӣ, ки ба бонк марбутанд, мувофиқи қонунгузорӣ пеш аз навбати охир қонеъ гардонида мешаванд.

Мувофиқи қонуни ҶТ “Дар бораи фахолияти бонкӣ”, шахси вобаста (алоқаманд) - ҳама гуна шахсе мебошад, ки мустақиман ё бавосита ба қабули қарори ташкилоти қарзӣ таъсир расонида метавонад.

“Маблағи умумии қарз назди амонатгузорон - шахсони воқеӣ (шахсони вобаста ба бонк) ва шахсони ҳуқуқӣ ба ҳолати 31 марти соли 2021 мутаносибан 415 ҳазор сомонӣ ва 1,1 млн сомониро ташкил медиҳад”, - гуфтанд дар Бонки миллӣ.

Дар муқоиса бо 3 марти соли 2017, замони оғози марҳилаи барҳамдиҳии бонк, қарзи умумии "Фононбонк" 153,7 млн сомонӣ кам шуд.

Тибқи маълумоте, ки ба Бонки миллӣ аз ҷониби маъмури махсус пешниҳод шудааст, ба ҳолати 31 марти соли ҷорӣ уҳдадориҳои умумии “Фононбонк” 38,3 млн сомониро ташкил медиҳанд.

“Бо мақсади амалисозии ҷараёни қабул ва супурдани ҳуҷҷатҳо ба бойгонӣ, ҳисоббаробарии пардохтҳо ба буҷет, имзои санадҳои муқоиса бо қарздеҳон, ки ба пурра қонеъ намудани талаботи онҳо марбут аст, маъмурияти махсуси ҶСК “Фононбонк” 4 марти соли 2021 ба Суди иқтисодии Душанбе бо аризаи дароз кардани муҳлати кори маъмурияти махсус боз ба муддати 3 моҳ муроҷиат кард. Суд қарор кард, ки муҳлати барҳамдиҳӣ боз як моҳи дигар дароз карда шавад”, - иброз доштанд дар Бонки миллӣ.

Мувофиқи қонугузорӣ, истеҳсолоти судӣ оид ба парвандаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ бо қарори суд дар сурати фурӯши ҳамаи дороиҳои ташкилоти қарзии мавриди барҳамдиҳӣ қарордошта ва пардохти маблағи бадастомада ба қарздорон қатъ мешавад.

“Бо назардошти дар ташкило боқӣ мондани дороиҳои фурӯхтанашуда, инчунин уҳдадориҳо назди якчанд шахсони ҳуқуқӣ, маъмури махсус ният дорад, ки дар бораи дароз кардани кори маъмурияти махсус бо ариза муроҷиат кунад”, - зикр карданд дар БМТ.

Дар Бонки миллӣ таъкид доштанд, ки пас аз пурра ба анҷом расидани ҷараёни барҳамдиҳӣ, маъмури махсус қарори судро дар бораи қатъи истеҳсолоти судӣ аз рӯйи парвандаи муфлисшавии бонк дар васоити ахбори умум нашр мекунад.

Ёдрас мекунем, ки иҷозатномаи “Фононбонк” бо қарори Раёсати БМТ аз 14 феврали соли 2017 бозхонда шуд. Қарор дар бораи оғози марҳилаи барҳамдиҳӣ аз ҷониби Суди иқтисодии Душанбе 3 марти соли 2017 қабул шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.