Таърихи   12-уми апрел вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори ширкати чинии «Hunan Road & Bridge Construction Group Company Limited» Луи Фей қарордоди татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи Обигарм - Нуробод марҳилаи якум, яъне  сохтмони қитъаи Обигарм -Тагикамарро ба имзо расониданд.

Вазорати нақлиёт дар шарҳи қарордод менависад, лоиҳаи мазкур аслан аз се марҳила иборат буда, марҳилаи якуми он аз 30,2 км роҳи асосии Обигарм-Тагикамар, сохтмони 2 нақби дарозии 1,6 км, сохтмони 5 пули нав ва таҷдиди 1 пул (бо масофаи умумии 1,7км) иборат аст.

Тибқи маълумоти Вазорат, маблағи умумии анҷоми корҳои дар боло зикршуда 178,1 млн долларро ташкил медиҳад.

Маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои зерин сурат мегирад: Гранти Бонки осиёии рушд – 110 млн доллар; Қарзи Фонди ОПЕК – 40 млн доллар;  Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 28,1 млн. доллар.

Азим Иброҳим зимни мулоқот изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ чунин ҳамкориҳои судманд идома хоҳанд ёфт ва корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати мазкур бо сифати баланд ва сари вақт ба анҷом хоҳад расид.

Бунёди қитъаи роҳи мазкур марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод мебошад. Амалисозии лоиҳа ба се марҳила тақсим карда шудааст.

Масофаи умумии роҳи мазкур 75 километрро ташкил дода, маблағи хароҷот ба он - 350 млн доллар арзёбӣ мешавад.

Зарурати сохтмони роҳи нави Обигарм-Нуробод дар он ифода меёбад, ки ба андозаи пур шудани обанбори неругоҳи Роғун роҳи кӯҳна зери об мемонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.