Нарху тарифҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 ба андозаи 1,8% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 2,4%, маҳсулоти ғайриозуқа - 1,2% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ - 1,1% гарон шуданд.

Дар маҷмӯъ семоҳаи аввал сатҳи таваррум 3,3%-ро ташкил дод. Нархи маҳсулоти ғизоӣ ба миқдори 4,4%, маҳсулоти ғайриозуқа - 2,4% ва хизматрасонизои пулакӣ ба аҳолӣ - 1,3 боло рафт.

Семоҳаи аввали соли 2020 мизони таваррум 2,6%-ро ташкил дода буд, яъне ба андозаи 0,7% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли равон.

Чӣ аз ҳама зиёдтар қимат шуд?

Аз маҳсулоти хӯрокворӣ давоми се моҳи имсол аз ҳама бештар назаррас нархи картошка (30,4%), сабзавот (23,4%), шакару равған ва чарбу (7,5% ҳар кадоме), гӯшт (4,3%), мева (3,6%), шир ва маҳсулоти ширӣ (0,8%) зиёд шуд.

Болоравии арзиши маҳсулоти ғайриозуқа бештар дар бензин (18,2%), гази моеъ (7,8%) ва сӯзишвории дизелӣ (7,4%) ба мушоҳида расид.

Арзиши тарифҳо ба хизматрасонии пулакӣ аз ҳисоби гароншавии роҳкирои нақлиёти мусофирбар (1,5%) ва хизматрасониҳои маишӣ (1,2%) боло рафт.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 дар ҷумҳурӣ нишондиҳандаи рекордии сатҳи таваррум тайи даҳ соли ахир - 9,4% ба қайд гирифта шуд.

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2020 низ аз ҳамин сатҳи таваррум интизорӣ мерафт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.