КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар баробари ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва ҶДММ “Созидание” барои анҷом додани хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон иҷозатнома гирифт.
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 3 майи соли равон дар ин хусус қарори дахлдор қабул кард, хабар медиҳад шуъбаи матбуоти БМТ.
Иҷозатнома ба “Тоҷикаэронавигатсия” ҷиҳати анҷом додани хизматрасониҳои махсус бо асъори хориҷӣ дар муддати се сол имкон медиҳад.
Гуфта мешавад, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор гардидааст, ки доир ба КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдор ворид намояд.
Мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби БМТ додашуда амалӣ карда мешавад.
Мувофиқи санад, бо асъори хориҷӣ мағозаҳои савдои бебоҷ (duty-free shop) ва нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони ваколатдор кор карда метавонанд. Ҳамчунин иҷозатнома ба пешниҳоди хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ ва миёнаравӣ дар бозори байнулмилалии асъор имкон медиҳад.
Корхонаи воҳи даватии “Тоҷикаэронавигатсия” моҳи октябри соли 2008 тариқи бозсозии сохтори КВД “Тоҷик Эйр” таъсис дода шуд.
Ин ягона воҳиди собиқ корхонаи авиатсионии кишвар мебошад, бо шакли ташкиливу ҳуқуқии КВД фаъолият мекунад.
Дигар ҳама собиқ воҳидҳои “Тоҷик Эйр”, аз ҷумла худи ширкати ҳавопаймоии миллӣ дар шакли Ҷамъияи саҳҳомии кушода (ҶСК) амал мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста