Ин гурӯҳ 4 май бо супориши сарвазири кишвар ва дархости Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ таъсис дода шуд.

Тавре дафтари матбуоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳайати Гурӯҳ аз кормандони салоҳиятдори вазорату идораҳои дахлдор иборат аст.

“Ҷаласаи аввали Гуруҳи корӣ дар толори бинои Дастгоҳи марказии Хадамот баргузор гардида, вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида намояндагони вазорату идораҳои дахлдор фикру хулосаҳои худро ба Гуруҳи корӣ пешниҳод намуданд”, - омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки бинобар сабаби пеш омадани зарурат ба дастрасии маълумотҳо аз ҷониби ШСХК “Барқи Тоҷик”, минбаъд гузаронидани ҷаласаи мазкур дар худи толори маҷлисгоҳи ширкат гузаронида шавад.

Гуфта мешавад, аз рафти баргузории ҷаласа дар сомонаи Хадамот иловатан маълумот пешниҳод мегардад.

Таърифаҳои амалкунанда

Айни замон аҳолии Тоҷикистон барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 22,66 дирам пардохт мекунад.

Таърифаҳо барои истифодабарандагони соҳаи буҷетӣ, соҳаҳои коммуналӣ ва иншооти варзишӣ - низ 22,66 дирам, истифодабарандагони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ - 55,14 дирам, барои насосҳои қубурҳои об ва истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ, базаҳои таъмирию истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёриии назди ҳукумати ҶТ - 7,87 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 22,66 дирам (аз 1 октябр то 31 март), барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ - 7,87 дирам муқаррар шудааст.

Таърифаҳо барои истифодаи нерӯи барқ дар дегҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқӣ бо мақсади таъмини оби гарм ва гармкунии биноҳо - 136,62 дирам барои 1 киловатт (бахши ғайрибуҷетӣ) ва 40,37 дирам (мақомоту муассисаҳои буҷетӣ), барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) - 10,76 дирамро ташкил медиҳад.

Комбинати металлургии Тоҷикистон барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 9,68 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 55,14 дирам (аз 1 октябр то 31 март) пардохт мекунад.

Таърифаҳо барои истифодабарандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон - КВД “Ширкати алюминии тоҷик” айни замон чунинанд: аз 1 май то 30 сентябр - 7,20 дирам барои як киловатт ва дар мавсими зимистон (аз 1 октябр то 30 апрел) - 11,80 дирам.

Болоравии бекоршуда

Таърифаҳои неруи барқ давоми солҳои 2010-2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва минбаъд ҳамасола боло бурда мешуданд.

Соли 2020 истисно шуд: дар шароити пандемияи коронавирус президенти ҷумҳурӣ дастур дод, ки аз боло бурдани арзиши молу маҳсулот ва хизматрасониҳое, ки монополияи табиии давлат (таъминот бо барқу об, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ғайра) мебошанд, худдорӣ карда шавад.

Давоми солҳои 2010-2019 таърифаҳои неруи барқ барои аҳолии кишвар 2,5 баробар: аз 9 дирам дар моҳи январи соли 2010 то ба 22,66 дирам аз моҳи сентябри соли 2019 боло рафт.

Дар ҳар кадоме аз мавридҳои болоравии таърифаҳо, ки даҳсолаи сипаришуда 7 бор сурат гирифт, ҳукумат амали худро ба тавсияҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ нисбат медиҳад.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.