Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид байни ширкатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки 17 май дар Душанбе доир гардид, 5 санад ба имзо расид.

Тавре ҶС “Центр развития торговой политики “QazTrade” хабар медиҳад, байни ҷонибҳо, аз ҷумла 3 қарордод дар бораи таҳвили маҳсулот аз Қазоқистон ва 2 ёддошти ҳамкорӣ ба маблағи умумии то 100 млн доллар ба тасвиб расидааст.

Сафари ҳайати ширкатҳои Қазоқистон ба Тоҷикистон то 21 май идома меёбад. Вохӯрӣ ва гуфтушунидҳои раҳбарияти ширкати QazTrade бо намояндагони боз як қатор сохторҳои давлатӣ ва тоҷирони Тоҷикистон дар назар аст.

qaztrade.org.kz

Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. Соли 2020 дар гардиши савдои дуҷониба бо Тоҷикистон Қазоқистон пас аз Русия зинаи дуюмро ишғол кард.

Ҳаҷми савдо байни Тоҷикистону Қазоқистон 910 млн долларро ташкил дод, ки 757 млн доллар ба воридоти молу маҳсулот аз Қазоқистон ва 152 млн доллар ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд.

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳо 271 млн долларро ташкил дод, аз ҷумла ба маблағи 197 млн доллар воридоти молу маҳсулот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон.

Қазоқистон инчунин яке аз сармоягузорони асосӣ ба Тоҷикистон дониста шуда, аз лиҳози маблағгузорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ пас аз Чину Русия дар зинаи сеюм қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.