Имрӯз дар шаҳри Бохтар Форуми байналминалии тиҷоратии Bokhtar Food - 2021 баргузор гардид, ки дар кори ин форум муовини аввали сарвазири Тоҷикисон Давлатали Саид, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, роҳбарияти USAID дар Тоҷикистон, намояндагиҳои корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони соҳибкорони аз кишварҳои Русия, Укроин, Ӯзбекистон, Покистон, Туркия, Афғонистон ва кишварҳои дигар  ширкат доштанд.

Қабл аз оғози ин  форум корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзони вилояти Хатлон молу маҳсулоти  хешро ба намоиш гузоштанд.

Давлаталӣ Саид дар суханронияш ҳадаф аз ташкили форумро тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои ҳамаҷониба, ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи содироти молу маҳсулоти кишоварзӣ номид.

Ӯ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди соҳибкорӣ дар кишвар, тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқии худро мутобиқ ба стандартҳои ҷааҳонӣ кардааст. Аз ҷумла барои ҳавасмандагардонии  соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон имтиёзҳои зиёдеро пешбинӣ кардааст.

Давлаталӣ Саид ҳамчунин пешниҳод кард, ки Форуми байналминалии   Bokhtar Food-2021 аз ин пас ҳамасола гузаронида шавад. Ин ба хотири рушд ва баланд бардоштани сатҳи содироти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.


Муовини аввали сарвазиз ҳамчунин аз он изҳори нигарони кард, ки бо вуҷуди пешбинӣ намудани имтиёзҳои зиёд аз тарафи ҳукумат, вале ҳанӯз ҳам содирот тариқи роҳи оҳан суст роҳандозӣ шудааст.

“Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумрук дар соли 2020 аз 129 ҳазор тона меваву сабзавоти содиршуда  95 ҳазор тонна ё 83 %-и он ба минтақаи гумрукии вилояти Суғд ва танҳо 23 ҳазор тона ё  17,8 %-и он ба минтақаи гумрукии Хатлон рост меяод”,-гуфт Давлаталӣ Саид.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи муовини сарвазир содироти меваву сабзавот дар соли 2020 аз вилояти Хатлон ба кишварҳои Покистон, Афғонистон, Туркия Қазоқистон ва  чанд давлати дигар сурат гирифтааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳам дар ин форум гуфт, ки  вилояти Хатлон дорои имкониатҳои васеъи истеҳсолӣ мебошад.

Раиси вилояти Хатлон ҳам ба дунболи муовини сарвазир гуфт, ки онҳо тамоми талошро мекунанд, ки ин форум ҳамасола баргузор шавад. “Зеро ингуна форумҳо имкон медиҳад, ки сатҳу сифати истеҳсол ва содироти маҳсулот баланд шавад”.

Дар нимаи аввали ҷаласаи ин форум ёддошти тафоҳум барои ҳамкорӣ миёни  ҳукумати  Хатлон ва ҳукумати вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид.

Ғайр аз ин, дар ин форум чанд ширкати тоҷикистонӣ бо ҳамтоёни хориҷияшон аз Покистон, Туркия, Гурҷистон ва Русия шартномаҳои ҳамкориро дар мавриди содироти пиёз, пахта, ангур, меваи хушк ва семент ба имзо расониданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.