Зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл рӯзи 1 июн имконоти афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими Туркия ба иқтисоди ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.

Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҷалби сармояи мустақим аз Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, дурнамои рушди ҳамкорӣ бо доираҳои тиҷоратии ду кишвар, пешбурди савдо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, Саъдӣ Қодирзода барои иштироки доираҳои сармоягузории Туркия дар кори Форуми байналмилалии «Душанбе Инвест-2021», ки нимаи якуми моҳи июли соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, аз сафир даъват ба амал овард.

Бино ба маълумоти Кумита, ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими Туркия ба иқтисоди Тоҷикистон тайи 5 сол зиёда аз 100 млн долларро ташкил дод. Аз рӯйи ин нишондиҳанда Туркия танҳо аз Чин (ҳудуди 1,5 млрд доллар), Русия (беш аз 180 млн доллар) ва Британияи Кабир (132 млн доллар) дар зинаи поинтар қарор дорад.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, соли 2020 ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия 323 млн долларро ташкил додааст, ки 203 млн доллараш ба воридоти маҳсулот ва Туркия ва 120 млн ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон рост меояд.

Гардиши молу маҳсулот байни ин кишварҳо дар соли гузашта қариб ба андозаи 15% коҳиш ёфт, ки сабабаш ба гумони ғолиб, ба пандемия рабт дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.