Ҳукумати Тоҷикистон як қатор қарорҳое қабул кард, ки дар онҳо барои аз эътибор соқит кардани қарзҳои чанде аз андозсупорандагон ва ба бархеи дигар ба таъхир гузоштани пардохти андоз дастур дода мешавад.

Дар қарорҳои дар пойгоҳи маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлия нашршуда воҳиди зертобеъи Хадамоти алоқа - ҶСК “Тоҷиктелеком” аз пардохти андозу ҷарима ва фоизҳо ба он озод карда мешавад.

Қарзҳои ин ширкат аз пардохти андоз ба маблағи зиёда аз 11 млн сомонӣ (ҳудуди 1 млн доллар), аз ҷумла наздики 5,5 млн сомонӣ андоз ва зиёда аз 5,5 млн сомонӣ фоиз ва ҷарима ба онҳо аз эътибор соқит карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком” дар бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон ба тиҷорат машғул аст.

Раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода моҳи феврали соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ ҶСК “Тоҷиктелеком”-ро қарздори асосӣ аз пардохти андоз номбар кард.

Ӯ зикр кард, ки қарзи ширкати мазкур аз пардохти андоз ба аввали соли равон аз 86 млн сомонӣ (7,6 млн доллар) зиёд шуд.

Ҳамчунин андозу фоиз ва ҷаримаҳои ширкати “Медимпекс” ба маблағи умумии зиёда аз 312 ҳазор сомонӣ, зиёда аз 4,5 млн сомонии ҶСК “Хоҷагии нақлиёти №2 ва дигар корхонаҳои дар шаҳри Кӯлоб сабтиномшуда: корхонаи фаръии обу корези шаҳри Кӯлоб, ҶСК “Пахтаи Кӯлоб”, ҶДММ “Фаридун-К”, ҶДММ “Хишти Кӯлоб”, ҶДММ “Суғдиён”, ҶСК “Кӯлобгаз”, ҶДММ “Лоиқ”низ аз эътибор соқит дониста мешаванд.

Инчунин ба 8 воҳидҳои минтақавии Агентӣ оид ба таъмини амволи махсуси назди ҳукумат пардохти қарз ба маблағи зиёда аз 2,4 млн сомонӣ ба таъхир гузошта шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, ҳудуди 74%-и даромади буҷети давлатии кишварро дар семоҳаи аввал маблағҳо аз пардохти андоз ташкил додаанд.

Қисмати даромади буҷет дар ин давра 4,5% барзиёд иҷро шуда, ба зиёда аз 6 млрд сомонӣ (530 млн доллар) баробар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.